Барояш ёд медиҳам, ки писарҳо марданд на дард! Барояш ёд медиҳам, ки мардҳо ҳам гиря мекунанд, чун инсон ҳастанд, эҳсос доранд, вале боиси гиряи шахсе намешаванд! Барояш ёд медиҳам, ки дилеро наранҷонаду ашкеро нарезонад!Барояш ёд медиҳам, ки мардони ҳақиқӣ онҳое нестанд, ки чеҳраи зебо доранду қалби дурушт, балки онҳоеянд, ки чеҳраи дурушту қалби зебо доранд! Барояш ёд медиҳам, ки дар муқобили душвориҳои зиндагӣ сабру қаноатро пеша намояд! Барояш ёд медиҳам, ки тамоми духтарҳои дунё барои ӯ офарида нашудаанд, пас ҳамеша чашмони боҳиҷоб дошта бошад! Барояш ёд медиҳам, ки ғайрати мард он аст, ки ҳурмати занро нигаҳ дорад, на ин ки занро бозича сохтаву ҳавасрони кунад! Барояш ёд медиҳам, ҳар аҳде, ки бо хамсараш мекунад, вафодор боқи монад! Ва дар охир барояш ёд медиҳам, ки ҳамеша ростгӯй ва ҳақиқатпарвар бошад!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев