Одоби оиладорӣ...!!!
Вазифи зан ва шавҳар нисбат ба якдигар...
Хонавода хишти аввали ҷомеъа ҳаст, ки агар ислоҳ шавад тамоми ҷомеъа ислоҳ мешавад, ва агар фосид шавад, тамоми ҷомеъа фосид мешавад.
Барои ҳамин ҳам Ислом таваҷҷуҳи зиёде ба хонавода карда аст ва бар зану мард чизҳоеро воҷиб намудааст, ки саломат ва саодати онҳоро таъмин мекунад. Бинобар ин Ислом хонаводаро ҳамчун муассисае медонад, ки ду нафар (зан ва мард) дар он шарокат доранд ва мард масъулияти онро бар уҳда дорад:
ﺍﻟﺮﺟﺎﻝ ﻗﻮﺍﻣﻮﻥ ﻋﻠﻲ ﺍﻟﻨﺴﺎﺀ ﺑﻤﺎ ﻓﻀﻞ ﺍﻟﻠﻪ ﺑﻌﻀﻬﻢ ﻋﻠﻲ ﺑﻌﺾ ﻭ ﺑﻤﺎ ﺃﻧﻔﻘﻮﺍ ﻣﻦ ﺃﻣﻮﺍﻟﻬﻢ ﻓﺎﻟﺼﺎﻟﺤﺎﺕ ﻗﺎﻧﺘﺎﺕ ﺣﺎﻓﻈﺎﺕ ﻟﻠﻐﻴﺐ ﺑﻤﺎ ﺣﻔﻆ ﺍﻟﻠﻪ . ( ﻧﺴﺎﺀ 34/ )
«Мардон бар занон сарпарастанд (ва дар ҷомеъаи кучаки хонавода ҳаққи раҳбарӣ доранд ва нигаҳдориву риъояти занон бар уҳдаи эшон аст) бадон хотир, ки Худованд (барои низоми ҷомеъа, мардонро бар занон дар бархе аз сифот бартариҳое бахшидааст) ва баъзеро бар баъзе фазилат додааст (ва маъмулан мардон ранҷ мекашанд ва пул ба даст меоваранд) ва аз амволи худ (барои хонавода) харҷ мекунанд. Пас занони солиҳа ононе ҳастанд, ки фармонбардори (авомири Аллоҳ ва мутиъи дастури шавҳарони худ буда) асрори заношуиро нигоҳ медоранд чунки Худованд ба ҳифзи онҳо дастур додааст». (Сураи Нисо — 34)
Ислом барои ҳар як аз зану мард ҳуқуқеро воҷиб кардааст, ки бо риояти онҳо истиқрор ва пойдории ин муассиса (оила), тазмин мешавад ва ҳар як аз зану шавҳарро ташвиқ кардааст, ки вазифаҳои худро анҷом диҳанд ва аз кӯтоҳиҳои якдигар чашмпӯшӣ кунанд.
Худованд мефармояд:
ﻭﻣﻦ ﺁﻳﺎﺗﻪ ﺃﻥ ﺧﻠﻖ ﻟﻜﻢ ﻣﻦ ﺃﻧﻔﺴﻜﻢ ﺃﺯﻭﺍﺟﺎ ﻟﺘﺴﻜﻨﻮﺍ ﺇﻟﻴﻬﺎ ﻭﺟﻌﻞ ﺑﻴﻨﻜﻢ ﻣﻮﺩﺓ ﻭﺭﺣﻤﺔ ( ﺭﻭﻡ 21/ ).
«Ва яке аз нишонаҳои (далолаткунанда бар қудрат ва азамати) Аллоҳ ин аст, ки аз ҷинси худатон ҳамсаронеро барои шумо офарид, то дар канори онон биёромед ва дар миёни шумо ва эшон муҳаббат ва меҳрубонӣ қарор дод». (сураи Рум -21).
Муҳаббат ва раҳмате, ки байни зан ва шавҳар вуҷуд дорад, байни ҳеҷ ду нафари дигаре дида намешавад. Худованди Субҳон дӯст медорад, ки ин муҳаббат ва меҳрубонӣ байни занону шавҳарон тадовум пайдо кунад (давом ёбад). Бинобар ин ҳуқуқеро барои завҷайн муайян кардааст, ки риояи онҳо боиси давом ёфтани он муҳаббат ва меҳрубониҳо мегардад:
ﻭﻟﻬﻦ ﻣﺜﻞ ﺍﻟﺬﻱ ﻋﻠﻴﻬﻦ ﺑﺎﻟﻤﻌﺮﻭﻑ ( ﺑﻘﺮﻩ 228/ ).
«Ва барои занон (ҳуқуқ ва воҷиботе ҳаст, ки бояд шавҳарон адо бикунанд) ҳамон гуна, ки бар шавҳарон аст, ки бояд занон ба шоистагӣ адо кунанд». (с. Бақара -228)
Ин каломи Аллоҳ, бо вуҷуди ихтисоре, ки дорад дарбаргирандаи мафоҳиме аст, ки баёни онҳо ниёз ба навиштани китоби бузурге дорад. Ин оят равшанкунандаи ин масъала аст, ки зан дар тамоми ҳуқуқ бо мард баробар аст илло дар як маврид, ки Худованд онро баён кардааст:
ﻭﻟﻠﺮﺟﺎﻝ ﻋﻠﻴﻬﻦ ﺩﺭﺟﺔ
«Ва мардонро бар занон бартарӣ аст». (сураи Бақара -228)
Ин ҷумлаи дар боло зикршуда мизоне ба мард медиҳад то бо он рафторашро бо ҳамсараш дар тамоми шуун ва аҳволи зиндагӣ бисанҷад, пас агар аз ӯ (зан) хост, ки кореро анҷом диҳад ба ёд оварад, ки ӯ низ дар муқобили ҳамсараш вазоифе бар уҳда дорад.
Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки мегӯянд: «Ман худамро барои ҳамсарам меороям, ҳамчунон, ки ӯ худашро барои ман зиннат медиҳад». (Ибни Ҷарири Табарӣ 2/453)
Ва Паёмбар Муҳаммади Мустафо (алайҳис-салом) мефармоянд:
( ﺃﻻ ﺇﻥ ﻟﻜﻢ ﻋﻠﻲ ﻧﺴﺎﺋﻜﻢ ﺣﻘﺎ ﻭﻟﻨﺴﺎﺋﻜﻢ ﻋﻠﻴﻜﻢ ﺣﻘﺎ ).
«Огоҳ бошед! Ҳамсаронатон бар шумо ҳақе доранд ҳамчунон, ки шумо бар онон ҳақе доред».
(Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ/1501 ва Тирмизӣ/2/315/1173).
Мусалмони фаҳмида ва воқеъӣ ба ҳуқуқе ки ҳамсараш бар ӯ дорад эътироф мекунад. Ҳамеша талош мекунад, ки ҳаққи ҳамсарашро адо кунад, бидуни таваҷҷӯҳ ба ин, ки оё ҳаққи худашро дарёфт кардааст ё не. Чунки Исломи азиз бар тадовум ва пойдории муҳаббату меҳрубонӣ байни зану шавҳар ва фурсат надодан ба шайтон барои пошидани тухми ихтилоф байни онон ҳарис аст.
Акнун ҳуқуқи зан бар мардро баён мекунем ва пас аз он ҳуқуқи мард бар занро зикр мекунем, ба умеди ин, ки завҷайн аз он дарс бигиранд ва ҳамдигарро ба ҳаққ ва сабр васият кунанд.
( ﺇﻥ ﻟﻨﺴﺎﺋﻜﻢ ﻋﻠﻴﻜﻢ ﺣﻘﺎ )
Ба ростӣ, занони шумо бар шумо ҳақе доранд.
Ҳуқуқи занон бар мардон иборатанд аз:
1. Мард бояд бо ҳамсараш бо хубӣ муошират кунад.
ﻭﻋﺎﺷﺮﻭﻫﻦ ﺑﺎﻟﻤﻌﺮﻭﻑ ( ﻧﺴﺎﺀ 19/ )
«Ва бо онон (занон) бо хубӣ муошират кунед». (Сураи Нисо -19)
Ва ақалли муоширати хуб ин аст, ки агар ғизое хӯрд ба ӯ низ ғизо бидиҳад. Ва агар барои худ либосе харид, барои ӯ низ либосе бихарад ва агар зан нофармонии ӯро кунад, ба равише, ки Худованд барои таъдиби занон муқаррар кардааст, ӯро адаб диҳад. Ба ин тартиб, ки нахуст ӯро ба равише неку, бидуни фаҳшу дашном ва ҳарфи зишт насиҳат кунад, агар (ба ин тариқ) аз ӯ итоат кунад хуб аст, дар ғайри ин сурат бистари хоби худро аз ӯ ҷудо кунад, агар дар ин ҳолат аз ӯ итоат кард хуб, дар ғайри ин сурат ӯро бизанад. Вале бояд аз задан бар сару рӯй ва зарбаи сахт худдорӣ намояд (зеро, ки ғарази аслӣ аз задан ин танбеҳ додан аст).
Ҳамчуноне, ки Аллоҳ мефармояд:
ﻭﺍﻟﻼﺗﻲ ﺗﺨﺎﻓﻮﻥ ﻧﺸﻮﺯﻫﻦّ ﻓﻌﻈﻮﻫﻦّ ﻭﺍﻫﺠﺮﻭﻫﻦّ ﻓﻲ ﺍﻟﻤﻀﺎﺟﻊ ﻭﺍﺿﺮﺑﻮﻫﻦّ ﻓﺈﻥ ﺃﻃﻌﻨﻜﻢ ﻓﻼﺗﺒﻐﻮﺍ ﻋﻠﻴﻬﻦّ ﺳﺒﻴﻼ ﺇﻥ ﺍﻟﻠﻪ ﻛﺎﻥ ﻋﻠﻴﺎ ﻛﺒﻴﺮﺍ ( ﻧﺴﺎﺀ 34/ ).
«Ва заноне, ки аз саркашӣ ва сарпечии эшон бим доред, панду андарзашон диҳед (ва агар таъсир накард) аз ҳамбистарӣ бо онон худдорӣ кунед ва бистари хешро ҷудо кунед (ва бо эшон сухан нагӯед ва агар боз ҳам таъсире накард ва роҳе ҷуз шиддати амал набувад) ононро (танбеҳ кунед) бизанед, пас агар аз шумо итоат карданд (тартиби сегонаро риоя кунед ва сахт наравед ва ҷуз ин тартиб) роҳе барои танбеҳи эшон наҷӯед ва бидонед, ки Аллоҳ Баландмартаба ва Бузург аст». (Сураи Нисо -34)
Вақте, ки аз ӯ (Паёмбар (салла-Аллоҳу алайҳи ва саллам) суол шуд, ки ҳаққи ҳамсарон бар мо чист? Фармуданд:
ﺃﻥ ﺗﻄﻌﻤﻬﺎ ﺇﺫﺍ ﻃﻌﻤﺖ ﻭ ﺗﻜﺴﻮﻫﺎ ﺇﺫﺍ ﺍﻛﺘﺴﺖ ﻭ ﻻﺗﻀﺮﺏ ﺍﻟﻮﺟﻪ ﻭﻻ ﺗﻘﺒﺢ ﻭﻻﺗﻬﺠﺮ ﺇﻻ ﻓﻲ ﺍﻟﺒﻴﺖ .
«Ҳар гоҳ ғизо хост ба ӯ ғизо бидиҳӣ ва ҳар гоҳ либос хост барои ӯ либос бихарӣ (ғизо ва пӯшокро фароҳам кун) ва рӯйи ӯро назанӣ ва ба ӯ (сухани) носазо нагӯӣ ва (агар бо сабабе аз ӯ дур шудан хостӣ, пас) танҳо дар хона (-и худ) бистарашро тарк кун».
(Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ/1500 ва Абу Довуд/6/180/2128)
Аз нишонаҳои такомули ахлоқӣ ва рушди имонии мард ин аст, ки бо ҳамсараш рафиқ ва нармхӯ бошад. Ҳамчунон, ки Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
ﺃﻛﻤﻞ ﺍﻟﻤﺆﻣﻨﻴﻦ ﺇﻳﻤﺎﻧﺎ ﺃﺣﺴﻨﻬﻢ ﺧﻠﻘﺎ ﻭﺧﻴﺎﺭﻛﻢ ﺧﻴﺎﺭﻛﻢ ﻟﻨﺴﺎﺋﻬﻢ
«Комилтарини мӯъминон аз лиҳози имон, хушахлоқтарини ононанд ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки барои ҳамсаронашон беҳтаранд». (саҳеҳи Тирмизӣ/928)
Бинобар ин, эҳтиром ба зан нишонаи камоли шахсияти мусалмон аст ва иҳонат ба ӯ нишонаи пастӣ ва фурӯмоягӣ аст.
Аз ҷумлаи эҳтиром ба зан ин аст, ки ба пайравӣ аз Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам), нисбат ба зан меҳрубон бошем ва бо ӯ бозӣ ва шӯхӣ кунем, ҳамчуноне, ки Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бо Оиша (разия-ллоҳу таъоло анҳо) бозӣ мекарданд ва бо ӯ мусобиқа мекарданд то ин, ки Оиша (разия-ллоҳу таъоло анҳо) гуфтанд:
( ﺳﺎﺑﻘﻨﻲ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ ﻓﺴﺒﻘﺘﻪ ﻓﻠﺒﺜﻨﺎ ﺣﺘﻲ ﺇﺫﺍ ﺃﺭﻫﻘﻨﻲ ﺍﻟﻠﺤﻢ ﺳﺎﺑﻘﻨﻲ ﻓﺴﺒﻘﻨﻲ، ﻓﻘﺎﻝ ﻫﺬﻩ ﺑﺘﻠﻚ ).
«Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бо ман мусобиқа карданд, аз ӯ пешӣ гирифтам. Баъд аз муддате, ки гӯшти баданам зиёд шуд (фарбеҳ шудам), Паёмбар бо ман мусобиқа карданд ва аз ман пешӣ гирифтанд ва фармуданд: Ин (бурд) ба он (бохт дар гузашта)». (саҳеҳи Абу Довуд/7/243/2561)
Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бозӣ кардан ба ҷуз бо ҳамсарро ботил медонистанд ва мефармуданд:
( ﻛﻞ ﺷﺊ ﻳﻠﻬﻮ ﺑﻪ ﺍﺑﻦ ﺁﺩﻡ ﻓﻬﻮ ﺑﺎﻃﻞ، ﺇﻻ ﺛﻼﺛﺎ : ﺭﻣﻴﻪ ﻋﻦ ﻗﻮﺳﻪ، ﻭﺗﺄﺩﻳﺒﻪ ﻟﻔﺮﺳﻪ، ﻭﻣﻼﻋﺒﺘﻪ ﺃﻫﻠﻪ، ﻓﺈﻧﻬﻦ ﻣﻦ ﺍﻟﺤﻖ ).
«Ҳар чизе, ки инсон бо он бозӣ кунад ботил аст, магар се чиз: Тирандозӣ, аспсаворӣ, бозӣ бо ҳамсар, чун ки ин се воқеият ҳастанд». (саҳеҳи Ибни Моҷаҳ/4534)
2. Аз ҳуқуқи зан бар мард ин аст, ки дар баробари азият ва озори ӯ сабр карда ва аз иштибоҳоташ (хатогиҳояш) даргузарад. Ба далели ин фармудаи Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам):
( ﻻﻳﻔﺮﻙ ﻣﺆﻣﻦ ﻣﺆﻣﻨﺔ ﺇﻥ ﻛﺮﻩ ﻣﻨﻬﺎ ﺧﻠﻘﺎ ﺭﺿﻲ ﻣﻨﻬﺎ ﺁﺧﺮ )
«Ҳеҷ марди муъмине набояд кинаи зани муъминаеро ба дил бигирад, чун агар рафтореро аз ӯ написандад, рафтори дигареро аз ӯ меписандад». (Муслим/2/1091/469)
Дар ҳадисе дигар мефармоянд:
( ﺇﺳﺘﻮﺻﻮﺍ ﺑﺎﻟﻨﺴﺎﺀ ﺧﻴﺮﺍ، ﻓﺈﻧﻬﻦّ ﺧﻠﻘﻦ ﻣﻦ ﺿﻠﻊ، ﻭﺇﻥ ﺃﻋﻮﺝ ﻣﺎ ﻓﻲ ﺍﻟﻀﻠﻊ ﺃﻋﻼﻩ، ﻓﺈﻥ ﺫﻫﺒﺖ ﺗﻘﻴﻤﻪ ﻛﺴﺮﺗﻪ، ﻭﺇﻥ ﺗﺮﻛﺘﻪ ﻟﻢ ﻳﺰﻝ ﺃﻋﻮﺝ، ﻓﺎﺳﺘﻮﺻﻮﺍ ﺑﺎﻟﻨﺴﺎﺀ ﺧﻴﺮﺍ )
«Ҳамдигарро нисбат ба риояти ҳуқуқи занон ба хайр супориш кунед. Онон аз устухони данда (қабурға) офарида шудаанд. Ва каҷтарини дандаҳо болотарини онҳо аст, агар бихоҳӣ онро рост кунӣ, онро мешиканӣ ва агар ба ҳоли худ раҳо кунӣ, ҳамвора каҷ хоҳад монд, пас нисбат ба занон ба хайр супориш кунед». (Бухорӣ ва Муслим).
Баъзе аз Салафи Солеҳ гуфтаанд: ”Бидон, ки хушрафторӣ бо занон, дафъи азият аз онон нест, балки иборатаст аз ин, ки ба пайравӣ аз Паёмбар(салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллама), азият ва озори ононро таҳаммул карда, дар муқобили камақлӣ ва хашми онон сабрро пеша кунем… ”.
(Мухтасари Минҳоҷул-қосидин, саҳ. 78-79).
3. Яке дигар аз ҳуқуқи зан бар мард ин аст, ки ӯро аз ҳар чизе, ки шарафи ӯро халалдор ва номуси ӯро мешиканад ва ба каромати ӯ латма мезанад, муҳофизат кунад.
Ӯро аз беҳиҷобӣ ва ороиш (барои бегонагон) манъ кунад ва аз ихтилот (омехтагӣ) бо мардони номаҳрам ӯро боз дорад. Ҳамчунон, бар мард воҷиб аст, ки ба андозаи кофӣ васоил ва имконоти иффатро барои ҳамсараш фароҳам кунад ва аз ӯ нигаҳбонии кофӣ ба амал оварад.
Иҷоза надиҳад, ки аз назари ахлоқӣ ва динӣ фосид шавад. Фурсат ва маҷоли хориҷ шудан аз дастуроти Аллоҳ ва Расул, ё рӯйгардонӣ аз ҳаққро ба ӯ надиҳад, чунки ӯ (мард) сарпараст ва масъули зан аст ва вазифа дорад, ки аз ӯ нигаҳдорӣ ва муҳофазат кунад, зеро Худованди Мутаъол мефармояд:
ﺍﻟﺮﺟﺎﻝ ﻗﻮﺍﻣﻮﻥ ﻋﻠﻲ ﺍﻟﻨﺴﺎﺀ ( ﻧﺴﺎﺀ 34/ ).
«Мардон сарпарасти занон ҳастанд». (Сураи Нисо/34).
Ва Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:
( ﻭ ﺍﻟﺮﺟﻞ ﺭﺍﻉ ﻓﻲ ﺃﻫﻠﻪ ﻭ ﻫﻮ ﻣﺴﺌﻮﻝ ﻋﻦ ﺭﻋﻴﺘﻪ )
«Мард сарпарасти хонавода аст ва нисбат ба онон рузи қиёмат суол карда мешавад». (Бухорӣ ва Муслим).
4. Ҳақи дигари зан бар мард ин аст, ки заруриёти динро ба ӯ омӯзиш диҳад ё ба ӯ иҷоза диҳад то дар маҷолиси илм ҳозир шавад. Чунки талаботи зан ба ислоҳи дин ва тазкияи рӯҳ камтар аз талабот ба хӯрдан ва ошомиданаш нест.
Худованд мефармояд:
ﻳﺎ ﺃﻳﻬﺎ ﺍﻟﺬﻳﻦ ﺁﻣﻨﻮﺍ ﻗﻮﺍ ﺃﻧﻔﺴﻜﻢ ﻭ ﺃﻫﻠﻴﻜﻢ ﻧﺎﺭﺍً ﻭﻗﻮﺩﻫﺎ ﺍﻟﻨﺎﺱ ﻭﺍﻟﺤﺠﺎﺭﺓ
«Эй муъминон, худ ва аҳлу хонаводаи хешро аз оташи дузахе барканор доред, ки ҳезуми он инсонҳо ва сангҳо ҳастанд». (Сураи Ат-таҳрим 6).
Ҳамсар ҷузви аҳл ва хонавода аст, ва ҳифозати ӯ аз оташ ба василаи имон ва амали солеҳ мумкин аст. Амали солеҳ ниёз ба илм дорад.
5. Ҳақи дигари зан бар мард он аст, ки ӯро ба барпо доштани дини Аллоҳ ва мувозибат бар намозҳо амр кунад.
Ба далели фармудаи Худованд:
( ﻭﺃﻣﺮ ﺃﻫﻠﻚ ﺑﺎﻟﺼﻼﺓ ﻭ ﺍﺻﻄﺒﺮ ﻋﻠﻴﻬﺎ )
«Аҳли хонаводаи худро ба барпоии намоз дастур бидеҳ ва низ бар иҷомаи он собит ва мондагор бош».(Сураи Тоҳо-132).
6. Ҳақи дигари зан бар мард он аст, ки ҳангоми зарурат ва ниёз, ба ӯ иҷозат диҳад, то аз хонааш хориҷ шавад.
Масалан агар бихоҳад дар намози ҷамоат ҳозир шавад ё ба дидани хонавода ва наздикон ё ҳамсоягонаш биравад. Ба шарте, ки ӯро ба пӯшидани чодар ва ҳиҷоби комил амр кунад ва ӯро аз ороишу беҳиҷобӣ ва истифода аз атру бӯи хуш (ҳангоми хурӯҷ аз манзил) манъ кунад.
7. Ҳақи дигари зан бар мард он аст, ки аз фош кардани асрор ва бозгӯ кардани айбҳои ӯ худдорӣ кунад, зеро ки мард — амин, мудофиъ ва ҳомии зан аст.
Ва аз муҳимтарини ин асрор, асрори заношӯӣ аст. Барои ҳамин ҳам Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) аз ифшои ин асрор наҳй фармуданд. Ба далели ҳадиси Асмоа бинти Язид, ки гуфт: Назди Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) гурӯҳе аз мардону занон нишаста буданд, ки фармуданд:
( ﻟﻌﻞ ﺭﺟﻼً ﻳﻘﻮﻝ ﻣﺎ ﻳﻔﻌﻞ ﺑﺄﻫﻠﻪ ﻭ ﻟﻌﻞ ﺇﻣﺮﺃﺓ ﺗﺨﺒﺮ ﺑﻤﺎ ﻓﻌﻠﺖ ﻣﻊ ﺯﻭﺟﻬﺎ؟ ﻓﺄﺭﻡّ ﺍﻟﻘﻮﻡ ﻓﻘﻠﺖ : ﺇﻱ ﻭ ﺍﻟﻠﻪ ﻳﺎ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ : ﺇﻧﻬﻦ ﻟﻴﻔﻌﻠﻦ ﻭ ﺇﻧﻬﻢ ﻟﻴﻔﻌﻠﻮﻥ . ﻗﺎﻝ ﻓﻼ ﺗﻔﻌﻠﻮﺍ، ﻓﺈﻧﻤﺎ ﺫﻟﻚ ﻣﺜﻞ ﺷﻴﻄﺎﻥ ﻟﻘﻲ ﺷﻴﻄﺎﻧﺔ ﻓﻲ ﻃﺮﻳﻖ ﻓﻐﺸﻴﻬﺎ ﻭ ﺍﻟﻨﺎﺱ ﻳﻨﻈﺮﻭﻥ ).
«Шояд баъзе аз (шумо) мардон ва занон асрори заношӯии худро бозгӯ мекунанд (дар байни омма)?
Мардум сокит шуданд.
Гуфтам: Бале ба Худованд қасам, эй Расулаллоҳ! Занон ва мардон ин корро мекунанд.
Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ин корро накунед, чун ки ин кор монанди кори шайтони нар аст, ки шайтони модаро дар роҳ мебинад ва дар ҳоле, ки мардум ба онҳо нигоҳ мекунанд, бо ӯ омезиш мекунад». (Саҳеҳ, Одоби зифоф/72).
8. Ҳақи дигари зан бар мард он аст, ки ба пайравӣ аз Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) дар умури зиндагӣ бо ҳамсар машварат кунад.
Машварат ва қарорҳои ӯро низ қабул кунад. Ба хусус дар мавориде, ки марбут ба ӯ ва фарзандонаш мешавад, чунки Расули Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бо ҳамсаронашон машварат мекарданд ва назари онҳоро қабул мекарданд (дар сулҳи Ҳудайбия бо ҳамсарашон Умм Салама).
(Саҳеҳи Бухорӣ 50/4/1134).
9. Яке дигар аз ҳуқуқи зан бар мард ин аст, ки баъд аз намози ишоъ (хуфтан) фавран ба назди ӯ баргардад ва то соатҳои охири шаб, ба шабнишинии хориҷ аз манзил машғул нашавад.
Зеро ки ин рафтор (дер омадани шавҳар), агар сабаби васваса ва шакку тардид дар дили зан нагардад ҳам, ҳадди ақал сабаби ташвиш ва изтироби ӯ ба хотири шавҳараш мегардад. Балки аз ҷумлаи ҳаққи зан бар шавҳар ин аст, ки дар хона дур аз ҳамсараш шабро сипарӣ накунад, агарчӣ ҳангоми намоз (нафл) бошад, то ҳаққи ӯро адо карда бошад. Ва аз ин рӯ Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) дурӣ аз зан дар шабро инкор карданд ва фармуданд:
( ﺇﻥ ﻟﺰﻭﺟﻚ ﻋﻠﻴﻚ ﺣﻘﺎً ).
«Ҳамоно ҳамсари ту бар ту ҳаққ дорад».
(Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим).
10. Дигар аз ҳуқуқи зан бар мард он аст, ки байни ҳар ду ҳамсар (агар дошта бошад), дар хӯрока ва либосу маскан ва шабгузаронӣ дар бистар адолат барқарор кунад ва дар ин заминаҳо муртакиби зулм ва беадолатӣ нашавад.
Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:
( ﻣﻦ ﻛﺎﻥ ﻟﻪ ﺇﻣﺮﺃﺗﺎﻥ ﻓﻤﺎﻝ ﺍﻟﻲ ﺇﺣﺪﺍﻫﻤﺎ ﺩﻭﻥ ﺍﻷﺧﺮﻱ ﺟﺎﺀ ﻳﻮﻡ ﺍﻟﻘﻴﺎﻣﺔ ﻭ ﺷﻘﻪ ﻣﺎﺋﻞ ).
«Агар касе ду ҳамсар дошта бошад ва ба яке аз онҳо беш аз дигарӣ таваҷҷуҳ кунад, рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки як тарафаш каҷ аст». (Ал-ирвоъ/2017).
Бародарони мусалмон!
Ин буд ҳуқуқи ҳамсаронатон бар шумо, пас дар адои онҳо бикӯшед ва кӯтоҳӣ накунед. Чунки риояти ин ҳуқуқҳо асбоби хушбахтии зиндагии заношӯӣ ва оромиши хонаводагии шуморо фароҳам карда ва мушкилотеро, ки боиси салби оромиш ва муҳаббату меҳрубонии шумо мешавад, аз байн мебарад.
Ва ба занон ёдоварӣ мекунем, ки аз кӯтоҳӣ ва камбудиҳои шавҳаронашон чашмпӯшӣ кунанд ва ба кӯтоҳии шавҳаронашон нигоҳ накарда хидмати онҳоро кунанд то ки зиндагии муштараки онҳо бо хӯбӣ ва хушбахтӣ тадовум пайдо кунад.
***
Ҳақи мардон бар занон
Ҳақи мард бар зан бисёр бузург аст, Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) аҳамияти онро дар фармоишоташон равшан кардаанд. Ҳоким ва ғайраҳо аз ҳадиси Абу Саъид ривоят мекунанд, ки Паёмбари Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:
( ﺣﻖ ﺍﻟﺰﻭﺝ ﻋﻠﻲ ﺯﻭﺟﺘﻪ ﺃﻥ ﻟﻮ ﻛﺎﻧﺖ ﺑﻪ ﻗﺮﺣﺔ ﻓﻠﺤﺴﺘﻬﺎ ﻣﺎ ﺃﺩﺕ ﺣﻖ )
«Ҳақи шавҳар бар ҳамсараш он қадар аст, ки агар захме бар шавҳараш бошад ва онро бо забонаш пок созад, боз ҳам ҳақи ӯро адо накардааст». (Абу Довуд (16/227/247).
Зани хирадманд ва ҳушёр ҳамон зане ҳаст, ки он чиро ки Аллоҳ ва Расулаш (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) дӯст медоранд ба ҷо оварад ва ҳақи шавҳарашро ба хубӣ адо намуда дар иҷрои фармоишоти ӯ кӯшиш кунад. Зеро, ки итоати шавҳар сабаби дохил шудани зан ба Биҳишт мегардад.
Паёмбари Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:
( ﺇﺫﺍ ﺻﻠﺖ ﺍﻟﻤﺮﺃﺓ ﺧﻤﺴﻬﺎ، ﻭ ﺻﺎﻣﺖ ﺷﻬﺮﻫﺎ، ﻭ ﺣﻔﻈﺖ ﻓﺮﺟﻬﺎ، ﻭ ﺃﻃﺎﻋﺖ ﺯﻭﺟﻬﺎ، ﻗﻴﻞ ﻟﻬﺎ ﺍﺩﺧﻠﻲ ﺍﻟﺠﻨﺔ ﻣﻦ ﺃﻱ ﺃﺑﻮﺍﺑﻬﺎ ﺷﺌﺖ )
«Агар зан намозҳои панҷвақтаро ба ҷо оварад, рӯзаи моҳи Рамазонро бигирад, шармгоҳашро ҳифз намуда ва аз шавҳараш итоат намояд, ба ӯ гуфта мешавад: Ба Ҷаннат дохил шав аз ҳар дараш, ки мехоҳӣ». (Абу Довуд (16/228/250).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1