Предыдущая публикация
Мавлонно (Девони Кабир)
Биё, ки зиндагӣ аз ёди рӯйи чун маҳи туст,
Ҳамеша саҷдагаҳам остони хиргаҳи туст.
Ба ҳар шабе кушадам, то ба рӯз зинда кунад,
Навойи он саге, к-ӯ посбони даргаҳи туст.
Зи пеш обу гили ман бидид рӯҳи туро,
Хирад бигуфташ, ҳин, саҷда кун, ки ин шаҳи туст.
Суҷуд карду дар он саҷда монд, то мондо,
Ниҳода рӯй дар он хоки хуш, ки бар раҳи туст.
Чӣ бошадат, агар ин шӯрахокро, ки манам,
Кунӣ қабул ба хоке, ки дар гузаргаҳи туст.
Аё, ду дидаи Табрези Шамсиддин ба ҳақ,
Ту каҳрабойи ҷаҳониву ин дилам каҳи туст
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев