Предыдущая публикация
Бе орзу чӣ суд дигар зиндагониям?
Мӯйи сафед бар сари ман тохт, эй дареғ,
Печид рӯзгор кафан бар ҷавониям.
Гоҳе ба сӯи масҷиду гоҳе ба майкада,
Эй ишқ, дар ба дар куҷо мекашониям?
Дар хоки пойи дӯст фикандам сар аз ғурур,
Ин аст бо фалак сабаби саргарониям.
Чун гирдбод чанд бипечам ба пойи хеш?
Эй рӯзгор, аз чи ба сар медавониям?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев