Предыдущая публикация
Дар миёни кӯйи ғам афтода гирён мешавӣ. Мерасад рӯзе, ки ту ҳам мешави танҳову зор,
Рӯзу шаб бо қалби пурғам ашкрезон мешавӣ.
Мерасад рӯзе, бар ту ҳам бевафоӣ мекунанд,
Аз вафодориву ишқи ёр дилмон мешавӣ
Мерасад рӯзе, ки мегирӣ ба дастат акси ман,
Ҳарфе аз ман ношунида боз нолон мешавӣ. Мерасад рӯзе, ки ман ҳам меравам аз кӯйи ту,
Гарчи меҷӯи маро, ноёфта сарсон мешавӣ. Мерасад рӯзе, ки ту бар худ намеойи дигар,
Даст бар сар мебари, биншаста ҳайрон мешавӣ.
Мерасад рӯзе, дилат гум мезанад аз баҳри ман,
Сӯҳбату оғӯши гармамро ту пазмон мешавӣ. Мерасад рӯзе, ки аз МЕҲР намеёбӣ нишон,
То қиёмат диданашро зору пазмон мешавӣ.
Тохирчон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев