Худованд зикр намудааст, ки таом ва шароби аҳли Ҷаннат он гуна аст, ки дил бихоҳад ва дар ин маврид фармудаанд:
"Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд". (Сураи Воқиъа - 20)
﴿يُطَافُ عَلَيۡهِم بِصِحَافٖ مِّن ذَهَبٖ وَأَكۡوَابٖۖ وَفِيهَا مَا تَشۡتَهِيهِ ٱلۡأَنفُسُ وَتَلَذُّ ٱلۡأَعۡيُنُۖ وَأَنتُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٧١﴾ [الزخرف: ٧١]
“Қадаҳҳои зарин ва кӯзаҳоро дар миёнашон ба гардиш меоваранд. Дар он ҷост ҳар чӣ нафс орзу кунад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва шумо дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд”.
(Сураи Зухруф - 71)
Худованд биҳиштиёнро ихтиёр додааст, то аз ҳар гуна хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳое, ки дилашон майл дорад, тановул намоянд:
﴿كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيَٓٔۢا بِمَآ أَسۡلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡأَيَّامِ ٱلۡخَالِيَةِ ٢٤﴾ [الحاقة: ٢٤]
“Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меовардед!”.
(Сураи Алҳоққа – 24)
7-Шароби (майи) аҳли Ҷаннат
Он шароберо, ки Худованд барои биҳиштиён ваъда додааст, онро аз шароби дунё фарқ аст. Шароби дунё ақлро гум ва сарро ба дард меорад ва шикаму танро бемор месозад ва шояд ҳам дар саноат ва сохти он нуқсоне вуҷуд дошта бошад. Аммо шароби Ҷаннат аз ҳамаи он нуқсонҳо пок ва софу гуворост. ("Явмул охир фи-л-ҷаннати ва-н-нор"-и Умар Ашқар. Саҳ, 23.)
Худованд мефармояд:
﴿يُطَافُ عَلَيۡهِم بِكَأۡسٖ مِّن مَّعِينِۢ ٤٥ بَيۡضَآءَ لَذَّةٖ لِّلشَّٰرِبِينَ ٤٦﴾ [الصافات : ٤٥، ٤٦]
“Ва ҷоме аз чашмаи гуворо миёнашон гардонида мешавад, сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш”.
(Сураи Соффот, 45-46)
Худованд шароби Ҷаннатро ба сафедӣ васф намуда, иброз доштааст, ки нӯшандаи онро лаззате хоҳад буд ва нӯшандаи он дилгир намегардад. Ва дар ҷои дигар онро васф карда мефармояд:
﴿يَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ وِلۡدَٰنٞ مُّخَلَّدُونَ ١٧ بِأَكۡوَابٖ وَأَبَارِيقَ وَكَأۡسٖ مِّن مَّعِينٖ ١٨ لَّا يُصَدَّعُونَ عَنۡهَا وَلَا يُنزِفُونَ ١٩﴾ [الواقعة: ١٧، ١٩]
“Писароне ҳамвора ҷавон гирдашон мечарханд бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист, аз нӯшиданаш на сардардӣ гиранд ва на беҳуш шаванд”.
(Сураи Воқиъа, 17-19)
Ва дар ҷои дигаре мефармояд:
﴿يُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِيقٖ مَّخۡتُومٍ ٢٥ خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٞۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ ٢٦﴾ [المطففين: ٢٥، ٢٨]
“Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд. Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдасткунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ мекунанд”.
(Сураи Мутаффифин, 25-26)
"Раҳиқ", ки дар ин ояти муборака зикр шуд, шаробест, ки барои он ду васф баён шудааст: аввал ин ки он махтум (сарбаста) ва дастнахӯрдае аст. Дуввум ин ки агар ҷаннатиён онро бинӯшанд, дар поёни он бӯи мушкро хоҳанд шамид. (Тафсири Ибни Касир, 6\514.)
8-Таом ва шароби покизаи ҷаннатиён
Биҳишт ҷоест пок аз палидиҳо ва аҳли он тоҳир аз олудагиҳо ҳастанд. Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
"Аввалин дастае аз уммати ман, ки вориди Ҷаннат хоҳанд шуд, ба монанди моҳи шаби чаҳордаҳанд ва пас аз он касоне, ки ба монанди дурахшонтарин ситораи осмонанд ва пас аз он камтар ва камтар. На онон дар он ҷо қазои ҳоҷат менамоянд ва на бинӣ меафшонанд ва на оби даҳон меандозанд"( Бухорӣ, 3327. Муслим, 2834.)
Чунончи аз ин ҳадис равшан мегардад, агарчи миёни биҳиштиён дар нур ва дурахшиш тафовут вуҷуд дорад, аммо дар покӣ аз палидиҳо ҳама баробаранд, ки эшон дар он ҷо на пешоб менамоянд ва на туфу бинӣ меафшонанд. Аммо он чи ки эшон меошоманд, дар тани муборакашон арақе ба монанди мушк гашта берун меояд ва бархе аз он бо оруғе аз даҳон берун меояд, ки бо бӯи атр олуда аст.
Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
"Ҷаннатиён он ҷо таом ва шароб хоҳанд ошомид, аммо он ҷо пешоб, туф ва бинӣ нахоҳанд афшонид". Гуфтанд: "Пас таом чӣ хоҳад шуд?". Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: "Оруғ ва арақи ба монанди мушк". (Муслим, 2853. Абӯдовуд, 4741.)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев