Ту бароям офтобе буди,
ки аз ту дарахти ишкам
нумуъ меёфт, аз ту
калбам пуртаппишу
хастиям чун дарёхо
пурчуш мешуд. Бо
дидани ту шод будаму чи
будани хичронро
намедонистам. Шаб ба
ёдат хоб мерафтаму субх
ба ёдат мехестам.
Мехостам туро хар лахза,
хар соат, хар руз
бубинам, суханатро
шунавам. Хастиям бо
хастият пайванд буд, бо
ту зиндаву хушбахт
будам. Ман масти
хушбахтихои зиндаги
сархуши ишки аввал аз
анчоми хар бахор
фаромушт будам. Ишк
хам бахоре аст, бахори
хазонрас. Ту акнун дар
чахони дигаре гашту
гулзор мекардию он
пештара набуди. Туро
ёри бовафо
мепиндоштаму
бевафоиро пеша карди.
Ту ишкеро поймол
карди, ки орзухои
начибона мепарвард.
Калберо шикасти, ки
мехост туро
хушбахтарин гардонад.
Дидаеро пурнам карди,
ки аз дидорат шод буду
дар ту чизеро медид, ки
дигарон намедиданд.
Аммо ман бо ин хама
чафохо шодам. Шодам,
ки бо ту лахзахои гуворо
доштам. Шодам, ки туро
дуст доштаму медорам
ва хохам дошт. Акнун,
гарчанд аз ман нести,
вале туву ишки туро
месароям. Бале! Туро
месароям, бахори
нозанинамро, хусну
таровати зиндагиямро,
лахзахои гувороямро,
офарандаи хастии
пуртобамро!!!....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев