Аз Абуҳуруайра ва ибни Амр (р.з) ривоят аст, аз Расули Аллоҳ © шуниданд, ки бар руйи минбар нишаста мефармуд: Касоне, ки намози ҷумъаро тарк мекунанд, бояд аз ин амал даст бикашанд вагарна Аллоҳ таъоло бар дилҳои онҳо муҳр мезанад ва онгоҳ онҳо дар зумраи ғофилон қарор мегиранд.»[Саҳеҳи Муслим боби ҷумъа]
Ва дар дигар ҳадис Пайғамбар © фармуданд: Ҳаркасе, ки се намози ҷумъаро аз руйи сусти ва танбали тарк кунад, Аллоҳ таъоло бар қалби вай муҳр (печат) мезанад.»[Ин ҳадисро имом Аҳмад ва Ибнимоҷа ва Насои ривоят кардаанд]
Аллоҳ таоло дар дили ҳаркасе, ки муҳр яьне печат занад, тамоми роҳои хайр бар он шахс баста мешаванд ва дар зиндагияш баракат намеёбад, ва дилаш дили мунофиқ мешавад.
Абдуллоҳ ибни масъуд (р.з) Расууллоҳ © дар бораи касоне, ки ба ҷумъахони намеоянд фармуд: Ба таҳқиқ тасмим доштам (ният кардам) ки мардеро таъйин кунам, то барои мардум имомати кунад, сипас худам биравам хонаҳои касонеро, ки ба намози ҷумъа намеояд бисузонам»[ Муслим]
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2