Бисмиллоҳ Алҳамдулиллоҳ: Ассалом алекм ва рахматуллох бародарон ва хохарони азиз.
Исломи азиз барои зан яксар ҳуқуқҳоеро муқарар намуда эҳтироми хоссае нисбати зан қоил аст, далили ин гуфтаҳо ин аст ки Аллоҳи меҳрубон дар қуръони карим сураи махсусеро бо номи "Нисо-занҳо" ном ниҳода дар он тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқии ононро баён намудааст, ин дар ҳолест ки барои мардҳо сураи махсусе дар қуръон номгузорӣ нашудааст. Инҳам далолат кунанда бар инки исломи азиз ҳеҷгоҳ занро паст нашуморида ӯро ҳақиру ночиз қарор надодааст, балки эҳтироми хоссае нисбаташ муқарар намудааст.
Чуноне ки мард болои ҳамсари хеш яксар ҳуқуқҳо дорад, зан низ болои шавҳари хеш яксар ҳуқуқҳоеро доро аст ки шариат ононро муқарар намудааст то бадин васила марду зан дар канори ҳам бо риоя намудани ҳуқуқи якдигар зиндагии шоиста ва хушбахтона дошта бошанд.
Аллоҳи меҳрабон дар сураи "Нисо" ба мардҳо хитоб намуда мефармояд:
وَعاشِرُوهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ
"Ва бо занон муомилаи накӯ намоед" (нисо:19).
Ҳазрати Муовия ибни Ҳайда(Худо аз ӯ рози бод) ба Паёмбари Худо ﷺ гуфт:
عن معاوية بن حيدة رضي الله عنه، قَالَ: قُلْتُ: يَا رَسُول الله، مَا حق زَوجَةِ أَحَدِنَا عَلَيهِ ؟ قَالَ: أنْ تُطْعِمَهَا إِذَا طعِمْتَ، وَتَكْسُوهَا إِذَا اكْتَسَيْتَ، وَلاَ تَضْرِبِ الوَجْهَ، وَلا تُقَبِّحْ، وَلا تَهْجُرْ إلاَّ في البَيْتِ
Ё Расулаллоҳ ﷺ ҳақи занони мо болоямон чи аст? Паёмбар фармуданд: (ҳақи занон болоятон) ин аст: ҳангоме ки таъом хӯрдед барояшон таъом диҳед, ва ҳангоме либоса пӯшидед барояшон либоса пӯшонед(бихаред) ва ба чеҳраашон назанед, ва сухани зишту қабеҳашон нагӯед, ва бо онон қаҳр макунед магар дар дохили хона (ривояти Абудовуд 2142, имом Байҳақӣ дар Сунани Кубро 14779, ҳадис саҳеҳ аст).
*Фоида:*
1.Таъмин накардани зан аз хӯрока ва либоса ин поймол намудани ҳуқуқи зан аст.
2.Ба чеҳраи занон задан мамнуъ аст, зеро чеҳра бо шарафтарину мукаррамтарин аъзои одамӣ аст.
3.Сухани зишту қабеҳ гуфтан (бидуни узр) барои зан ин поймол намудани ҳуқуқи он аст.
4.Дар хона назди хешовандону наздикон бо зан қаҳр будану сухан накардан поймол намудани ҳақи ӯ буда чунин рафтор аз нигоҳи шаръӣ мамнуъ аст.
*Фиқҳи ҳадис:*
Задани зан бинобар узрҳои шаръӣ иҷоза аст аммо набояд чунон зада шавад ки аъзои зан лат хурад.
Дар фатовои қозихон -аз ҷумлаи фатвои мазҳаби мо-дар чаҳор ҳолат задани занро иҷоза дода аст:
1.Агар мард хоҳиш кунад, ки ҳамсараш дар назди ӯ (дар хона) худро зиннат дода зебо намояд аммо зан ин хоҳиши мардро радд кунад.
2.Мард дархости ҳамхобагӣ бо ӯро кунад аммо зан ин дархости шавҳарашро рад намояд.
3.Намозҳои фарзро нахонад, ё аз ҷанобат ва ҳайз ғусл накунад дар баъзе ривоёт задани ӯ иҷоза дода шудааст, имом Муҳаммад гуфтааст задани зан барои нахондани намоз ва аз ҷанобат ғусл накардан иҷоза нест.
4.Агар зан бе иҷозаи мард аз хона берун шавад.
Дар ин чаҳор ҳолат задани зан иҷоза дода шудааст, локин чигунае гуфтем набояд чунон зада шавад ки бадан ва аъзо зан лат хурад!
Аммо аз ҳама роҳи беҳтару афзалтар аввалан насиҳат ва тарбия аст!
***
Дар охирон ҳаҷе ки Паёмбар ﷺ намуданд, ки баъд аз он дунёро падруд гуфтанд барои умматони хеш яксар насиҳатҳо намуда хусусан дар бораи занҳо васият намуданд ки бо онҳо муомилаи накӯ карда шавад ва ҳақи онҳо поймол карда нашавад.
Дар он хутба аз ҷумла чунин фармуданд:
أَلاَ إِنَّ لَكُمْ عَلَى نِسَائِكُمْ حَقًّا، وَلِنِسَائِكُمْ عَلَيْكُمْ حَقًّا، فَأَمَّا حَقُّكُمْ عَلَى نِسَائِكُمْ فَلاَ يُوطِئْنَ فُرُشَكُمْ مَنْ تَكْرَهُونَ، وَلاَ يَأْذَنَّ فِي بُيُوتِكُمْ لِمَنْ تَكْرَهُونَ، أَلاَ وَحَقُّهُنَّ عَلَيْكُمْ أَنْ تُحْسِنُوا إِلَيْهِنَّ فِي كِسْوَتِهِنَّ وَطَعَامِهِنَّ.
(Эй умматони ман!) Огоҳ бошед ки шумо болои ҳамсаронатон ҳақ доред ва ҳамсаронатон болои шумо низ ҳақ доранд, аммо ҳақи шумо болои ҳамсаронатон ин аст ки касеро ки шумо бад мебинед ба хона роҳ надиҳаду ҳамроҳаш сухан накунад, ва касеро ки шумо ӯро бад мебинед ӯро ба хона роҳ надиҳад.
Аммо ҳақи ҳамсаронатон болои шумо ин аст ки бо онҳо некӯи кунед дар либоса ва хонаводаву хӯрокворӣ (Сунани ибни Моҷа 1851, ҳадиси ҳасану саҳеҳ аст).
Дар ҳадиси дигаре омада ки Расули Худо ﷺ фармудаанд:
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: "أَكْمَلُ الْمُؤْمِنِينَ إِيمَانًا أَحْسَنُهُمْ خلقا، وخياركم خياركم لنسائهم"
Комилтарин муъмин аз рӯи имондорӣ он аст ки ахлоқи беҳтарин дошта бошад, ва беҳтарини шумо касе аст ки бо занҳояш муомилаи накӯ дошта бошад (Саҳеҳ ибни Ҳиббон 4176)
Дар ҳадиси дигаре омада ки ҳазрати Оишаи Сиддиқа (Худо аз ӯ рози бод) фармуд:
عَنْ عَائِشَةَ قَالَتْ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: "خَيْرُكُمْ خَيْرَكُمْ لِأَهْلِهِ وَأَنَا خيركم لأهلي،
Расули Худо ﷺ фармудаанд: Беҳтарини шумо касе аст ки бо ҳамсараш беҳтарин(муомила дошта) бошад ва ман беҳтарини шумо ҳастам (дар муомила) бо ҳамсаронам (Саҳеҳ ибни Ҳиббон 4177).
*Хулосаи ҳуқуқи зан болои шавраш ин аст:*
1.Таъмин намудани зан аз нафақа ва хӯрокаву либоса ба қадри тавон.
2.Занро бо забон ва бо даст озору азият надодан ва беҳуда бо ӯ дурушти(бадрафторӣ) накардан.
3.Чеҳра туруш накардан бо ҳамсар, ва бо ӯ қаҳрӣ накардан магар ба хотири ислоҳ ва дар дохили хона.
4.Ӯро назди хешовандону наздикон паст назадану бад нагуфтан.
5.Хушрафтор ва хушгуфтор будан бо ҳамсар.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев