Зан мегираду ҳомилаш мекунад, сипас парвое надорад ки ин зани бечора чӣ тавр ғизо мехӯраду чӣ тавр истироҳат мекунаду чӣ ҳол дорад.
Бо ҳамон кӯдаки шикамаш ҳам шаб дар хидмати ту, ва рӯз дар хидмати падару модар ва додару хоҳари ту, боз кутак ҳам мехӯрад гоҳ-гоҳ.
Ту бо дустот дар чойхона лаззат мебарӣ, ин бечора макарон мехӯрад.
Ин зани сарсахт 8-9 моҳа бо ғамму ғусса ва ҳазорҳо ранҷу азоби равонӣ сипарӣ мекунад.
Вале аҷоиб инки, баъди 9 моҳ ин марди беномус мехоҳад ки занаш "шербачча" таваллуд кунад!
Бо ин тариқаи зандорӣ, шербаччаро дар хобат мебинӣ...
Аз ин гуна мардҳои бевиҷдону ҷоҳил ва ин гуна модари ғамзадаву парешону бемадор Аллоҳ медонад ки чиҳо мешавад!
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди саломатӣ ва қуввати кудакон ба ҳадде диққат медод, ки қариб буд пай-дар-пай таваллуд кардани занҳои мусалмонро манъ мекард.
Вале чун дид, ки румиҳо чунин таваллуд мекунанду мушкиле нест, пас иҷоза дод.
Ва ин рафтори Расулуллоҳ далели он аст, ки саломатӣ ва солимии (ҷисмиву равонии) кӯдак аз ҳоли модар вобастагии зиёд дорад.
Фарзанди некӯ ва солиму "шербачча" мехоҳӣ, пас модараша хору бечора макун.
Худоё барои ҷавонони мусалмон, ҳамсари солиҳа ва хонаи васеъ ва ҳамсояи некӯву маркаби фораме рӯзӣ намо!
Чаҳор чизе ки расулат аз саъодат шумурдааст.
(Саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
Парвардигоро Агар боиси озурдагии касе шудам, ба ман қудрати узрхоҳи бидеҳ. Ва агар дигарон маро озурданд ба ман қудрати бахшиш бидеҳ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев