Қобили қайд аст, ки дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозиро шахсиятҳое бозидаанд, ки дар лаҳзаҳои вазнину сарнавиштсзи давлатдорӣ тақдири давлату миллати хешро бар души худ гирифта ононро ба масири ободиву созандагӣ баргардонидаанд. Воқеан ҳамин гуна хидматро барои миллати мо дар даврони пас аз истиқлол сиёсӣ Эмомалӣ Раҳмон анҷом додааст. Ин гуна шахсиятҳои давлатсозу сиёсатмадор иддае аз қобилиятҳо ва сифотеро дороанд, ки дар муваффақ будани онҳо ҳамин гуна сифатҳо метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд. Шояд дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо ба назари инҷониб умдатарин ва бунёдитарини онҳо сифатҳои фаросат,ҷасорат, устуворӣ ва мардумият ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллӣ ифода гардидаанд.
Пушида нест, ки оғози солҳои 90-уми асри 20 дар сиёсати ҷаҳонӣ тағйироти куллие, ки ба вуқуъ пайваст ва иттиҳоди шуравӣ ба ҳайси як давлати абарқудрати олам аз байн рафт ва дар заминаи он давлатҳои нави миллӣ зуҳур намуданд. дар баъзе аз кишварҳои паҳнои собиқ шуравӣ қувваҳои гуногун ҷиҳати дарёфти ҳокимияти сиёсӣ мухолифату муборизотро шуруъ намудаанд. кишварҳои тоза ба истиқлол расида дар пайи тақсими мероси аз шуравӣ боқӣ монда шуғл меварзиданд, вале қувваҳои сияҳкоре ки бе банду бориро дар Тоҷикистон ба вуҷуд оварданд, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо пули бегонагон ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ба роҳ монданд ва сабаби ғорат шудани дороии кишвар ва маҳрум мондан аз ҳама он мероси шуравӣ буд. Дар ҳамин вазъ ки акнун мардуми кишвар дар оворагиву дар ба дарӣ ва нокомию ноумедӣ қарор дошт миллатҳои дигар ки сокинони кишвар буданд, Тоҷикистонро тарк карданд ва муқимнишинони мамлакат дар тарсу таадӣ қарор доштанд ва дар хонаҳои худ паноҳ бурданд. Кучаҳои шаҳр холӣ гардида дари корхонаю муассисаҳо ва мактабу маориф баста гардид. Мардум аз минтақаҳои даргир фарор карда, худро ба ҳар кую пуштае ки нисбатан амр бошад, паноҳ мебурданд. Аз ҳама ҷо садои тиру гулула ва буи хун ба машон мерасид. Акнун дигар ҳарфи қонунро силоҳ мегуфт. Як ҳеҷ касҳое, ки соҳиби силоҳ буданд, худро ҳокими ҳама чиз мепиндоштанд. Дуздиву ғоратгарӣ дар ҳама ҷо ривоҷ ёфта ҳар дузду нобакор соҳиби ҷоҳу ҷалол буд.
Ҳамин замон буд, ки қувваҳои солимфикри ҷомеа иҷлосияи 16-уми Шӯрои олиро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намуданд ва ин иҷлосияи сарнавиштсоз вазъро минбаъд дар кишвар дигар сохт. Ин замон замоне буд, ки нафарон аз ба душ гирифтани масъулияти роҳбарӣ тарс доштанд, ҳар нафаре ҷасорат надошт то масъулияти роҳбариро бар души хеш бигирад. Дар ҳамин гуна вазъи ҳассосу мураккаб сари қудрат омадани ҷавони ҷасуре ба мардум умед бахшид. Ин ҷавон бо ҷасорати том масъулияти роҳбариро бар душ гирифт. Бо баробари пазируфта шудан аз аввалин паёми умедворкунандаро, ки аз фаросати азимаш дарак медод ва дар ин иҷлосия аз тарафи ин роҳбари ҷавон садо дод он буд, ки ман ба кишвар сулҳро бармегардонам ва то як нафар фарориро ба кишвар баргардондан худро осуда намеҳисобам. Ин паём дар дили мардум дубора шуълаи умедро равшан сохт ва ин ҷавон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи гузоштаи хеш устуворона даст ба кор шуд. Ҳамин буд, ки аз аввалин корҳоеро, ки баробари ба қудрат расидан анҷом дод ин ба кишвар овардани сулҳу салоҳ буд. Қобили қайд аст, ки дар он рӯзгори пур аз яъсу навмедӣ ки силоҳ сухан мегуфт ва ҷаҳлу хашм ҳамаро фаро гирифта буд ва ҳарфи мардӣ ва қонунро туфангмардон мезаданд, ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ кори соддае набуд. Ин роҳбари ҷавон тайи чор сол бо бедорхобию часпу талошҳо аз худ гузаштану ҳадафи ба ҳам овардани давлату миллатро дар сар парварида, ба ҳама тарафҳои даргир дасти бародарӣ дароз намудан ва ба назди ҳар нафаре новобаста аз мақому шахсияташ рафтан ва ба онон гуфтушунид намудан аз ҷасорат ва фаросати азими ӯ буд. Ҳамин аз худ гузаштанҳо ва устувор будан ба ҳадафи худ боиси он гардид, ки дар ҳафт раванди гуфтушунид ахиран 27-уми июни соли 1997 ба ҳадафи ниҳоӣ яъне имзои Созишномаи Сулҳ ва Ризоияти Миллӣ расид ва кишварро аз вартаи нобудӣ берун овард. Ҳамаи ин бозгукунандаи он аст, ки Пешвои миллат дорои фаросати баланди сиёсӣ буда, ҳанӯз бо баробари ба ин арса ворид шудан, дар кору амали ӯ ин сифат зуҳур намуда буд. Аз ин рӯ аз ибтидои ворид шудан ба сиёсат илми фаросатро ба по гирифт ва корҳои давлатдориро ором ором ва дилпуронаву босаброна таҷриба андухт омӯхт ва онҳоро дар кишвар татбиқ сохт. ӯ бо ин фаросати аз ин тавонист кишварро аз вартаи нобудӣ берун оварад ва сулҳи сар то сариро дар кишвар ба миён оварад.
Қобили қайд аст, ки агар сулҳу салоҳ дар кишвар ба миён намеомад, аз байн рафтани Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақил яқин буд, зеро ин ҳадафро кайҳо баъзе аз қувваҳои хориҷӣ дар сар мепарварданд. Ҳамин фаросату ҷасорат ва устувориву мардумияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонист кишварро аз вартаи нобудӣ раҳонад ва онро аз як кишвари дар ҳоли парокандагиву аз байн рафтан ба як кишваре пешрафтаву амн табдил диҳад.
Сифатҳои фаросату ҷасорат ва устувориву мардумият дар ҳама кору амали муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷалло ба назар мерасанд. Ононро ҳамеша дар тамоми мавриди роҳбариаш нигоҳ доштааст, ки онро метавон муфассал мавриди омӯзиш қарор дод, ки метавонад як рисолаи доманадор бошад. Ин ҷо ба тарзи иҷмолӣ баъзе аз паҳлуҳои онро метавон ҳамчун мисол зикр кард. Агар амалкардҳои имрӯзаи ӯро низ ба назар гирем ин сифатҳо ҳанӯз ҳам бо ин ки як сиёсатмадори таҷрибадору варзидааст ва ҷойгоҳи муҳимеро ҳамчун шахсият дар ҷомеа дорост, вале ин сифатҳо ҳанӯз дар кору амалаш чун сифатҳои меҳварӣ қарор гирифтаанд. Яъне чун номбурда ба ҳайси як сиёсатмадор аз байни мардум бархоста буд, ҳамон мардумиятро барои ҳамешагӣ дар худ нигоҳ дошт.
Ҳамаи ин ҳолатҳо бозгукунандаи онанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми даврони фаъолияти хеш, ҳанӯз аз ибтидои марҳилаи ба сиёсат пайвастан, ки он замон хеле ҳанӯз хеле ҷавон буд ва дар замоне, ки ба ҳаси як сиёсатмадори варзида, Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои Миллат аст ва дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудаву маъруф аст, то ҳанӯз сифати мардумиятро нигоҳ доштааст. Муҳтарам Эмомали Раҳмон бо мардум аст ва мардум бо Эмомалӣ Раҳмон аст. ӯ мардум ва миллати худро дӯст медорад ва мардуми кишвар ӯро самимона дӯст медоранд ва эҳтиром менамоянд, зеро ӯ ҳамеша такягоҳ ва муттакои ҳар фарди кишвар аст. Маҳбубият ин марди фозил то дараҷаест, ки хурду бузурги кишвар, пиру барно ҳама ӯро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд ва барои ҳар нафар ҳамчун шахси наздик ба ҳисоб меравад.
Исомиддин Шарифзода
номзади илмҳои фалсафа
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев