Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои нодиру зеботарини Тоҷикистон буда, дар солҳои охир аксари соҳаҳои ҳаёти он рушди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вилояти мазкур симои дигарро ба худ гирифтааст.
Таваҷҷуҳи Раҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба имрӯзу фардои Бадахшон хосаву дурандешона мебошад. Ин аст, ки Пешвои миллат бо меҳри бепоён ин вилоятро ҳамчун яке аз шоҳрагҳои давлатамон, «Дарвозаи тиллоии Ватан» номида, асри 21-ро «Асри Бадахшон» унвон кардаанд.
Имрӯз барои Бадахшон аз ҷониби Ҳукумат маблағҳои бузург ҷиҳати ободонӣ ҷудо мегарданд, аммо замоне хоҳад расид, ки аз роҳи татбиқи Барномаҳои дурандешонаи Сарвари давлат, бо бурун баровардани сарватҳои дар қаъри кӯҳҳои Бадахшон нуҳуфта, иқтидори иқтисодии давлатамонро садчанд хоҳад кард.
Маҳз барои ҳамин мебояд роҳу иншооти мувофиқ бунёд кард. Аммо барои расидан ба ин ҳадафҳои ояндасоз ҳар яки моро мебояд дар дил ҷавҳари хештаншиносии миллӣ ва ватандӯстиро парварида, арзиши олии ваҳдати миллиро дарк намуд ва барои устувориву пойдории он самимона талош намуд.
Бадахшони Тоҷикистон имконоту иқтидори бузурге барои рушди ҳамаҷониба ва боло бурдани сатҳи зиндагии сокинонашро дорад. Пеш аз ҳама тараққӣ додани саноати кӯҳӣ, дигар бахшҳои истеҳсолот барои болоравии иқтисоди вилоят муҳим аст. Хушбахтона, солҳои охир чандин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ВМКБ бунёд ёфта, барои аҳолӣ ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд овардаанд. Инчунин соҳаи сохтмону энергетика босуръат рушд дорад. Биноҳои замонавии баландошёна қомат афрохта, тадриҷан мушкилоти мардум вобаста ба манзили истиқоматӣ ҳал мегардад. Сохтани роҳҳо ва дигар иншооти нақлиётӣ имконият медиҳад, ки рафту омад ва тиҷорат бо вилоят дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ вусъат ёбад.
Яке аз соҳаҳои ояндадор туризм аст, ки дар Бадахшон торафт инкишоф дода мешавад. Солҳои охир бо шарофати таъмин будани амнияту субот ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ шумораи сайёҳони хориҷию дохилӣ, ки барои тамошо, кӯҳгардӣ, шикор, табобат ба ин сарзамини дилнишин ташриф меоранд хеле зиёд шудааст.
Дар чанд соли охир иншооти зиёди марбут ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангу варзиш дар вилоят бунёд ёфта, дар хизмати мардум қарор дода шудаанд.
Умуман, аз тарафи Ҳукумати кишвар, хусусан Пешвои миллат тамоми чораҳо андешида мешаванд, ки ВМКБ дар баробари дигар манотиқи Ватани азизамон рушд карда, мардумонаш зиндагии шоиста дошта бошанд.
Барои ҳар фарди соҳибватану меҳанпарст меҳри Ватан болотар аз тамоми эҳсосоти дигари инсонӣ аст. Ин аст, ки мо Ватани зебову муқаддас ва ягонагии миллиамонро ситоиш мекунем:
Бадахшон минбари озодагон аст,
Бадахшон сарзамини тоҷикон аст.
П. Баҳриддинзода,
сиёсатшинос
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев