террористӣ-экстремистӣ
Имрӯз ҷомеаи башариро бе интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Метавон гуфт, ки ҷамъият чунон ба интернет одат кардааст, ки ҳаёти худ ва мавҷудияти худро бе интернет тасаввур кардан наметавонад. Агар мо тавонем аз интернет самаранок истифода намоем, интернет барои ҳалли бисёр мушкилиҳо ба мо кӯмак мерасонад. Дар замони ҳозир наврас ва ё ҷавоне нест, ки соҳиби телефон набошад ва бар замми ин, бархе аз фарзандони мо соҳиби телефонҳои гаронбаҳое мебошанд, ки падару модарон барои ба даст овардани ин телефонҳо худро қарздор менамоянд.
Интернет – анкабутхонаи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки моро метавонад бо тамоми ҷаҳон пайваст намояд. Интернет як рукни зарурӣ барои ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, ба як қисми муҳими ҳаёти ҷавонони имрӯза табдил ёфтааст. Шахс метавонад дар хона нишаста дар як вақт бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон дар тамос бошад. Маҳз барои ҳамин, назорат аз болои фарзандон дар ин самт бояд бисёр ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Аз кадом сомонаҳои иҷтимоӣ истифода намудан ва ба кадоми онҳо обуна шудан, бо ки тамос доштан ва дар бораи чӣ муошират кардани фарзандон бояд қатъӣ таҳти назорати волидон бошад.
Барои он нохалафоне, ки мехоҳанд андешаи ҷавононеро, ки ҳоло фикру хаёлашон мисли варақи сафед тоза ва покиза аст бо ақидаҳои ифродгароӣ ва нохалафонаи худ вайрон намоянд, истифодаи интернет бисёр муфид ва қулай мебошад. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро ҷавонон ба ин хоинони миллат бовар намуда, ҳамаро фаромӯш мекунанд ва худро ба доми онҳо меандозанд? Чӣ омилҳое пеш меояд, ки онҳо тарки хонаву дар, падару модар ва наздикон намуда, рӯ ба зулмот мезананд, ҳол он ки дар кишвари азизи мо тамоми шароит барои рушди маънавӣ ва инфиродӣ, барои соҳиби фазлу одоб гардидани онҳо муҳайё гардидааст.
Пеш аз ҳама, ин беназорат мондани онҳо аз тарафи падару модар мебошад. Назорати ҷиддӣ аз ҷониби волидон дуруст ба роҳ монда нашудааст. Фарзанд то дери шаб дар кӯча бо ёру дӯстон бо чӣ корҳо машғул аст, барои бархе аз падару модарони мо мухим нест ва аҳамияте надорад. Телефонро ба дасти онҳо дода, ва ё ба хона интернет гузаронда, ба онҳо этикаи истифодаи дурусти интернетро намеомузонанд.
Барои ба дом даровардани парранда шикорчӣ руйи замин донаҳои гандум мепошад. Вуҷуд доштани хатарро паррандаи зудбовар пай набурда, барои хурдани дона ба замин мефарояду ба дом меафтад. Ҳангоми истифодаи интернет низ аз мавҷуд будани чунин домҳо фаромӯш набояд кард, чунки надонистани тарзи дурусти истифодаи интернет барои ҷавонон хатари ҷиддиро пеш меорад ва бо дарназардошти ин онро қадри имкон эҳтиёткорона истифода бояд бурд.
Ҳизбҳо, ташкилоту гурӯҳҳои экстремистӣ маҳз ҷавононро бо ҳар роҳ мехоҳанд ба доми худ кашанд, чунки онҳо қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва дар амалигардонии ниятҳои разилонаи худ бештар ба ҷавонон такя мекунанд. Ба талошҳои зиёди давлат ва мақомотҳои дахлдор барои эмин доштани сулҳу амният дар кишвар нигоҳ накарда, ин ташкилотҳои ифротӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд оромии кишварамонро халалдор намоянд. Бинобар ин, мо бояд дар мафкураи ҷавонон ҳисси аз даст надодани зиракии сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ, масъулиятшиносӣ, андешаи солимро созмон диҳем. Нагузорем, то ҷавонони мо фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ин гуруҳҳо шаванд.
Пеш аз ҳама, ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои экстремистӣ – ҷои кори хуб ва маблағи калон мебошад, ки диққати ҷавононро ҷалб мекунад. Баъдан сабабҳои дигаре, ки тафаккури ҷавонони имрўзаро вайрон месозад наворҳои таблиғотие, ки тавассути расонаҳои гуногун ва шабакаи интернет паҳн карда мешаванд ва дуруст дарк нанамудани моҳият ва мазмуни дини мубини Ислом мебошад.
Ягон кишвари ҷаҳон аз хатари терроризм ва экстремизм эмин буда наметавонад. Бинобар ин, мо падару модарон муваззаф ҳастем, ки фарзандони худро барои ба чунин домҳои дар сомонаҳои интернетӣ гузоштаи душманони миллат наафтодан эҳтиёт намоем. Чуноне, ки Пешвои муаззами мо изҳор намуданд: « Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд». Ин суханҳо худ далели онанд, ки волидон барои созмондиҳии ояндаи неки фарзандони худ ҷавобгар ҳастанд ва бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд то камолоти онҳо дар рўҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, содиқ будан ба халқу диёри худ, муҳаббат доштан ба сарзамини худ, ба наздикони худ роҳандозӣ гардад. Пас месазад, ки барои ободии диёри худ, барои ояндаи неки фарзандони худ, барои аз даст надодани мероси бойи гузаштагони худ зери сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки талошҳои зиёд барои ободии халқу диёри худ намудаанд мо низ кӯшиш ба харҷ диҳем ва саъй намоем, ки барои халқу ватани худ софдилона хизмат кунем.
Раҳмонова Б,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев