Ононро ризқ дод, то Ӯро шукр гӯянд. Аммо аксари эшон ғайри Ӯро парастиданду ағлаби онон шукри некиҳои Ӯро надонистанд. Зеро, табиати инкору сарпечӣ ва носипосиву ҳақношиносӣ бар нуфуси бандагон боло мебошад. Бинобар ин, агар бинӣ, ки нафаре аз эшон некии туро носипосӣ кардааст ва эҳсони туро сӯзонида, хайроти туро зери по намудааст, ҳайрон нашав. Балки гоҳо мешавад, ки нисбат ба ту дар ивази хубӣ душманӣ меварзанду кинаву адовати худро дареғ намедоранд. Ягона гуноҳи ту онаст, ки барояшон некӣ кардаӣ. «Танҳо ба хотири он аз эшон интиқом гирифтанд, ки Худованд ва Расулаш ононро аз фазли хеш бениёз кардааст» (оят). Агар бовар надорӣ, як бор ба олами воқеъиятҳо назар кун. Дар он ба саргузашти падароне дучор меойӣ, ки фарзандро бо ноз парварида, ба воя мерасонад. Аз хӯрданиву нӯшиданӣ ва пӯшиданӣ чизеро дареғ надошта, ҳамаро барояш муҳайё мекунад. Гоҳо мешавад, ки барои таъмини ӯ шабро саҳар мекунад, то ӯ осуда хоб равад ва худ гуруснагӣ мекашад, то ӯ сер гардад. Аммо, чун ин фарзанд ба воя мерасаду бозубаланд мешавад, ба падари ғамхори хеш мисли саги девона рафтор мекунад. Таҳқир, пастзанӣ, дашном, нофармонӣ, доду фарёд, азобу шиканҷа….. ва балоҳои дигар. Ин аст посух ба накӯиву ғамхориҳои падар… Бигзор он нафарон, ки саҳифаи накӯияшонро нокасону носипосон зери по кардаанд, ором бошанд. Бо умеди подошу аҷре, ки дар ивази накӯиҳояшон аз Худои соҳиби ганҷинаҳои бепоён мегиранд, осудаву мутмаин бошанд. Ин хитоб ҳаргиз туро ба тарки накӯиву эҳсон ба дигарон намехонад, балки огоҳ мекунад, ки дар муқобили накӯиву эҳсонат аз ин мардум ба ҷуз инкору носипосӣ чизи дигареро умедвор набош ва аз ин амалкарди эшон шикаставу рӯҳафтода нашав. Некиро ба хотири ризои Худо анҷом деҳ. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонӣ худатро аз зиён нигаҳ дорӣ. Зеро ту ба ҳар бобат комёб мешавӣ. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонӣ эҳсонатро аз ношукрии носипосон ва инкори мункирон дар амон дорӣ. Худоро ситоиш кун, ки ту аз ҷумлаи накӯкорониву онҳо аз ҷумлаи бадкоронанд. Фаромӯш накун, ки дасти боло ҳамеша аз дасти поён беҳтар аст. Худо аз забони растагорон чунин мегӯяд: «Бешак, шуморо ба хотири ризои Худо таом медиҳем. Аз шумо на подош ва на сипосе хоҳонем»(оят). Аксари хирадмандон аз он дар ҳайратанд, ки чаро бештари мардуми авом табиати инкору ҳақношиносӣ доранд. Гӯё эшон ин паёми илоҳиро нашунидаанд, ки дар мазаммати ин гуна мардум фармудааст: «Рафт, гӯё, ки аз мо (рафъи) он зиёнеро, ки ба ӯ расида буд, напурсида бошад». Ҳайрон нашав, агар ба ягон аблаҳ қаламе тӯҳфа куниву ӯ дар ҳаққи ту бо он қалам ҳаҷв нависад. Ё агар ба ягон афтодае асое дароз кунӣ, то бар он такя занад ва ё дар ниёзи хеш онро ба кор барад, бо он саратро хуншор намояд. Ин аст асли табиати ин мардум, ки оғӯштаи инкору носипосӣ дар ҳаққи Офаридгор аст. Пас мову ту куҷо?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев