Биё, андар канори шоират, бош, Ки як шоме дар оғӯши ту мирам. * * * * Ҳама сӯзи ниҳони ман туро бод, Кашокашҳои ҷони ман туро бод. Надорам манзили ҳафт- ошиёна, Дили ҳафт-ошёни ман туро бод. * * * * Ба маҷлисгоҳ дарду оҳи худ бар, Ба манзил нурҳои моҳи худ бар. Дигар ҷое, ки рафтӣ, сарвқомат, Мани гумроҳро ҳамроҳи худ бар. * * * * Зи тори мӯйи шабранги ту гирам, Зи завқи шеъру оҳанги ту гирам, Шаби Наврӯз, о бар хонаи чашм, Ки бӯса аз лаби танги ту гирам. * * * * Зи ҳар шоир шеъри тар нарӯяд, Зи ҳар дарёдиле гавҳар нарӯяд. Зи ҳар як модари дар даҳрбуда, Басо сарбози ҷанговар нарӯяд. * * * * Биё, дар ин баҳорат сӯхтам ман, Зи сӯзи пуршарорат сӯхтам ман. Маро дигар ба танхоӣ, набигзор, Ки берун аз канорат сӯхтам ман. * * * * Зи шеъру шоирии худ наболам, Зи талхии ғами ҳиҷрон нанолам. Шумо гулдухтарони шаҳр донед; Ки ман як ошиқи ошуфтаҳолам. * * * * Маро беболу пар кардӣ, ту кардӣ, Маро бепову сар кардӣ, ту кардӣ. Дар ин шоми баҳори навҷавонӣ, Маро хуни ҷигар кардӣ, ту кардӣ. * * * * Мисоли шамъ ман месӯзам акнун, Гулеро дар чаман месӯзам акнун. Ҳама уммеду армони дилам мурд, Барои дил кафан медӯзам акнун.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев