Предыдущая публикация
Боз ман дар огуши чонбахши ту
Дехи ман,гулбоги ман, гулзори ман.
Ман кучо охир фаромушат кунам,
Чони ман,гахвораи ашъори ман.
Буи модар,буи модар мекунад,
Сабзахои домани гулзори ту.
Модарам гуе ки пайдо мешавад,
Мисли мах дар куллаи кухсори ту.
Аз машомам бод натвонад барад,
Накхати гулгунаи домони ту.
Аллахои модарамро рузу шаб,
Бод орад аз чаманзорони ту.
Панчахои дасти модар то хануз,
Мекунад манро навозиш бо фарах.
Чашмахои домани кухсори ту,
Суи ман шодон дорад,нигах.
Ман шунидам бори аввал дар барат
Аллахои гарму нарми модарам.
Ман бидидам бори аввал дар барат
Хандахои чонфазои дилбарам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3