Зане, ки маҷзуби суханони у гашта буд, аз ҳаким хост то меҳмони вай бошад. Ҳаким пазируфт ва раҳсипори хонаи зан гашт. Пешвои деҳкада саросемавор худро ба назди ҳаким расонид ва гуфт: - Ба хонаи он зан марав. У бисёр зани сабукпо ва бероҳа аст. Ҳаким ба у гуфт: - Як дастатро ба ман деҳ. Пешвои он деҳкада ҳайрон шуд ва як дасташро миёни дастони ҳаким гузошт. Онгоҳ ҳаким гуфт: - Акнун каф бизан. Пешвои деҳкада бозҳам ҳайрон шуду гуфт: - Ҳеҷ касе наметавонад бо як даст каф бизанад. Ҳаким лабханде заду гуфт: - Ҳеҷ занеҳам наметавонад ба танҳои сабукпо ва бероҳа гардад. Бинобарин мардҳо ва пулҳояшон аст, ки аз ин зан зани бероҳа сохтаанд. Бирав ва ба ҷои нигарони барои ман, нигарони худ ва дигар мардони деҳкадаат бош.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев