Чун хилофат ришта аз Қуръон гусехт
Ҳурриятро заҳр андар ком рехт
Хост он сар ҷилваи хайрулумам
Чун саҳоби қибла борон дар қадам
Бар замини Карбало бориду рафт
Лола дар вайронаҳо кориду рафт
То қиёмат қатъи истибдод кард
Мавҷи хун ӯ чаман эҷод кард
Баҳри ҳақ дар хоку хун ғалтидааст
Пас бинои ло илаҳ гардидааст
Муддаояш салтанат будӣ агар
Худ накардӣ бо чунин сомон сафар
Душманон чун реги саҳро ло туъад
Дӯстони ӯ ба Яздон ҳам адад
Сирри Иброҳиму Исмоил буд
Яъне он иҷмолро тафсил буд
Азми ӯ чун кӯҳсорон устувор
Пойдору тундсайру комгор
Теғ баҳр иззати дин асту бас
Мақсади ӯ ҳифзи оин асту бас
Мо сиваллоҳро мусулмон банда нест
Пеши фиръавнӣ сараш афканда нест
Хуни ӯ тафсири ин асрор кард
миллати хобидаро бедор кард
Теғи ло чун аз миён берун кашид
Аз раги арбоби ботил хун кашид
Нақши иллаллоҳ бар саҳро навишт
Сатри унвони наҷоти мо навишт
Рамзи Қуръон аз Ҳусайн омӯхтем
З-оташи ӯ шӯълаҳо андӯхтем
Шавкати Шому фари Бағдод рафт
Сатвати Ғурнота ҳам аз ёд рафт
Тори мо аз захмааш ларзон ҳанӯз
Тоза аз такбири ӯ имон ҳанӯз
Эй сабо, эй пайки дӯрафтодагон
Ашки мо бар хоки поки ӯ расон
Аллома Иқболи Лоҳурӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев