Моҳи Муҳаррам ёдовари шаҳодати мазлумона ва ғарибонаву бо лабони ташнаи сарвари ҷавонони биҳишт ва набераи бузургвори некусиришти Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ҳазрати имом Ҳусейн ибни Алӣ ва хонадону ёрони бовафои он ҳазрат (Дуруду раҳмати Худо то қиёмат бар онон бод) дар 10 Муҳаррами соли 61 ҳиҷрӣ-қамарӣ танҳо баъд аз 50 сол пас аз реҳлати Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) (соли 11 ҳ.қ.) ва 20 сол пас аз шаҳодати падари бузургвораш ҳазрати Алии Муртазо (соли 40 ҳ.қ.) ва 10 сол баъд аз шаҳодати бародари гиромияш имом Ҳасани Муҷтабо (соли 50 ҳ.қ.) (Дуруду саломи Худо бар онон бод) мебошад.
Имом Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абитолиб (а) бо шаҳодати худ амри ба маъруф ва наҳй аз мункар (ки бузургтарин мункар хилофати касе чун Язиди палид бар уммати мусулмон буд)-ро зинда кард ва ба тамоми мӯъминон ва озодагон дарси диндорӣ, фидокорӣ ва ҷавонмардӣ дод ва чеҳраи менофиқонро ошкор ва расво кард. Мо ҳам вазифа дорем, ки ин шаҳодат ва рашодат ва дарси Худобоварӣ ва Худомеҳвариро аз ин имоми ҳумом ёдоварӣ кунем ва аз он дарс бигирем то дар доми язидиёни замон гирифтор нашавем ва бероҳ наравем ва шоистагонро бишиносем ва ҳамроҳи онон бимонем ва бо тавфиқи Илоҳӣ ба саодат бирасем!
Мо ҳам ба унвони вазифаи имонӣ ва исломӣ ин фоҷеаро таслият ва ин шаҳодат ва комёбӣ ва растагориро табрик мегӯем ва аз язидиёни палид ва пайравони афкору аъмоли онон безорӣ меҷӯем!
Он ҷони зи ҷисм раста, Қуръон мехонд
Бо нои зи ҳам гусаста, Қуръон мехонд
Дар ташти тило ба базми шабандешон
Хуршеди ба хун нишаста Қуръон мехонд
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев