Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Саломун алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, ҳамроҳони гиромӣ!
28 Сафар (16/10/2020) солрӯзи реҳлати ҷонсӯзи Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯем. Расули Худо(с) дар чиҳилсолагӣ дар ғори Ҳиро ба паёмбарӣ барангехта шуд ва 13 сол дар Макка мардумро ба дини ҳақ даъват кард ва баъд аз ин ки мушрикони Қурайш дар баробари даъвати ҳазрат нотавон шуда ва қасди куштанашро карданд ба амри Худованд ба шаҳри Ясриб ҳиҷрат кард ва ба баракати қадамаш ин шаҳр номи Мадинатуннабӣ (шаҳри Паёмбар) ба худ гирифт. Дар ин шаҳр ҳукумати исломӣ ташкил кард ва 10 сол барои таблиғи дин ва ҳидояти мардум шабонарӯзӣ талошу ҷиҳод кард то саранҷом рӯзи 28-уми Сафари соли 11 ҳиҷрӣ-қамарӣ даъвати Ҳақро лаббайк гуфт ва ба диёри боқӣ шитофт! Худоё, бар Муҳаммад ва Оли покаш ва саҳобагону ёрон ва пайравони мухлису муҷоҳид ва муқовимаш дуруду салом бифирист! https://doostitj.com/episode/150/rekhtand-khoru-khaso-s-maniddin
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев