بسم الله الرحمن الرحيم.
МОДАРҶОНАМ соҳиби ҳафт фарзанд буд, ПАДАРҶОНАМ дар айёми кӯдакиамон ин дунёро падруд гуфтанд. Зиндагиамон бениҳоят ва он чунон вазнин ва душвор шуда буд, ки ин ҳама бори зиндагӣ ба дӯши МОДАРҶОНАМ гузошта шуда буд.
МОДАРЧОНАМ, тамоми қувваи хешро баҳри дарёфти маблағ ё рисқи ҳалол сарфа менамуд ва аз ин лиҳоз кор мекард ва дар баробари кор кардан бегоҳӣ омада барои фарзандони хеш хӯрокҳои болаззат тайёр менамуд.
Кӯдакон руз то руз калон мешуданд ва ба шарофати модари хеш аз зиндаги ягон танқиси намекашиданд. Рузе фарзандонашро оиладор намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилонаи хеш гусел кард ва модар бо фарзанди хурдии хеш монд. Модар бениҳоят фарзандонашро дӯст медошт ва дури аз онҳо, зиндагӣ барояш хеле душвор буд. Тез тез онҳоро хабаргири мерафт бо набераҳояш гуфтугӯ мекард, ва шукронаи Аллоҳро ба ҷой меовард, фарзандонаш бо дуои МОДАРҶОНАМ месабзидан онҳо соҳиби илму адаб, давлат ва сарват гардиданд. Дар ҳаминҷо ман эҳсос мекардам, аз рафтани модарам ба хонаҳои бародаронам, оилаҳои (занҳои) онҳоро хуш намеомад. Дилам пора пора мешуд, ва аз сабаби фарзанди хурди буданам, ҳеҷ коре карда наметавонистам. Фақат ва фақат онҳоро насиҳат мекард МОДАРҶОНАМ, аз Қуръону ҳадис ва аз таълими Паёмбарамон (с. а. с) дар бораи зан дар бораи бародари, хешутабори ва оиладори мегуфт, онҳо бошанд мегуфтанд, ки моро дӯст намедори, занҳои моро дӯст намедори ва мехоҳи, ки мо онҳоро латукӯб кунем ва ба мисли ту дӯст надорем. Оё модаре ҳаст, ки ба фарзандаш зиндагии талх орзу дошта бошад. АФСӮЗ....
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи дорад ин ватан, ӯ аз дуои модар аст.
Онки дар васфи биҳишт фармуд қуръони маҷид,
Соҳиби қуръон бигуфто зери пои модар аст.
Онҳо намоз мехонданд, Қуръон ҳам, онҳо ҳамаи ин ҳадисҳоро мехонданд, аммо вақте, ки модарам эҳсос мекард, кӣ буданашро дар хонаи фарзандонаш, ки ба гапҳои ӯ беписанд ҳастанд, эҳтиромаш намекунанд, беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, бисёр зиқ мешуд ва мегуфт:
"Наход ҳаминҳо ҳамон фарзандони ман бошанд, ки ман онҳоро аз ҷонам ҳам бештар дӯст медоштам, охир тамоми умр барои онхо зиндагӣ кардам ва ҳеҷ гох фикр намекардам ки як руз онҳо маро ба чунин ҳол биоранд", ва боз дуо мекард, аз Аллоҳ мағфирати гуноҳони онҳоро талаб мекард, МАБОДО дилам ранҷида бошад аз фарзандонам, ки ба азоби Аллоҳ гирифтор шаванд.
Ба айби зан маранҷон модаратро!
Зи дасти зан маранҷон хоҳаратро!
Ба ҳар ҷое рави пайдо шавад зан!
Равад модар наёби модаратро!!!
Ҳаминхел зиндагии МОДАРҶОНАМ бо фарзандонаш 15 сол давом кард, рӯзе аз рӯзҳо МОДАРҶОНАМ дучори бемории саратон гардида, баъди 2 моҳ ин дунёро падруд гуфт.
Эй фарзанд.......Вақте ту ба дунё омади, шодии у беканор буд, вақте ту дар гахорҳв хоб мекарди у хоб намекард, то ки ту ором хоб кунӣ, вақте ту нав қадам мезади, чашмони у фақат дар ту буд то ту наафти, вақте ту ба мактаб мерафти, чашмони у интизори ту буд, то ки кай ту меои, вақте ту ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоди, у барои хушбахтии ту хамеша дуо мекард, чаро, ки Ӯ МОДАРИ ТУ АСТ! Эҳтиром, эҳтиром, эҳтиром ба чунин МОДАР..... Бо ин мисраҳо қиссаро ба поён мерасонам....
Хар кас ки қадри модарро надонад,
Хама дунё бар у лаънат бигуяд.
Чӣ ширин аст модар баҳри фарзанд,
Касе модар надорад у бидонад.
Давом дорад.....Қисми дуюм дар бораи ҳамин фарзандон ҳаст.......
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев