Навои булбул омад, ёд кардам аллаҳоятро,
Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро.
Ман охир ёд кардам, ёд кардам модари ҷонам,
Адоятро, навоятро ҳама меҳру вафоятро…
Модар, ту бароям азиз, ғамгусор, падар ва хеле қадрдон будӣ. Ту азизи дили ман буди. Модарҷон, ту буди, ки хонаи мо нур дошт. Ман худро хушбахт меҳисобидам, ки дар паҳлӯи худ чунин модари ғамхору меҳрубон доштам. Ай модар, ту ба мисли офтоб буди, ки дар назди худ ситораҳо доштӣ ва ба онҳо нур мебахшидию равшанӣ медодӣ. Ту буди, ки мо пару боли равон доштем. Модарҷон, ту на танҳо барои ман, балки барои ҳама фарзандонат азизу ширину мӯътабар буди. Модарҷон, мо ба заҳмату ранҷу азоби ту, то ба ин рӯзҳо расидем. Он ранҷу азобат, он заҳмату меҳнатат, он танҳоӣ, он мушкилиҳое, ки дар зиндагӣ аз сар гузаронидӣ пеши чашмонам намоён шуданд, дилам пур аз ғам мешавад, ки барои мо чунин рӯзҳои сахтро бо умри ширинат иваз кардӣ. Пас мо чаро ҳурмату эҳтироматро БА ЁД НАОВАРЕМ, ай модари азобдидаам.
Модар, ту азизи дили ман будӣ, ту аз ҳама шахси наздиктарини ман будӣ, ту зиндагиву орзуҳои ман будӣ. Шаб дар хоб ва ҳам дар рӯз фикру ёди ман бо ту аст, ай модари ғамхори ман. Агар қадри ту ва номи некатро надонистам, шири сафедат кӯрамон мекунад. Ё Аллоҳ, модарҷонамонро биёмурз ва рӯҳашонро аз фарзандонаш шод бигардон......
Модар, номи некатро бо хати зарҳал мехоҳам бинависам, дар қалби худ ҷой кунам, мехостам якумр бо дустдориҳои ту бимонам бо дуоҳои ту бимонам, мехостам, ки садсолаҳо зинда бимонӣ, ай модари ғамгусори ман.
Модарҷон ҷойгоҳи ту дар миёни ҳама он муқаддасоте, ки посу азизашон медонистам исми шарифи ту дар ин муқаддасот ҷой гузошта шудааст. Модар, ту бузург будӣ, аз нигоҳат, чашмони меҳрубонат умед мерезид, хасу хок заррае буттаву санг, гулу гиёҳ, боду борон, кӯҳҳои сангину дарёи равон дар ҳастии ту буд, эй модари ҷон. Хуршеди меҳри ту бузургтарин тармаи сардро об мекард. Феъли ғазабат девори азимтаринро хароб. Ёд дорам нахустин сухане, ки гуфтаам «Модар» буд, нахустин қадамҳое, ки дар рӯи замин гузоштаам ба сӯи ту буд эй модари ҷон. Модарҷон, зиндагӣ бо ту зебо буд, зиндагӣ ширин асту ба қимати ҷон баробар, зиндагӣ ба кас як бор эҳё мешавад, аммо дӯст дорам зиндагиеро, ки ту дар ҳарими он ҷо гашта бошӣ. Ман ҳар рӯз чеҳраи зебои модари хеш мебинам, ҳар рӯз аз зангулаи шеваи хандаҳояш ёд мекунам. Мехоҳам, чашму рӯяш бибӯсам, аз нигоҳҳои шодиомезаш талаффузҳои пурмафҳуми ширинаш завқ барам, вале АФСӮЗ. Ҳар рӯз ид доштам бо модарам. Модар, садбарге будӣ, ки аз ту бӯи зиндагӣ меомад. Хуштарин орзуҳои ман аз дуои модарам мерезид, орзуҳои ӯ гарм, чун оғӯши хуршед, бузург чун дили меҳрубонаш пайки мурод аз ояндаи нек медоданд. Зери чодари орзуҳои модар кас хушном ва тобанда ахтар, дар сояи қудраташ ҷасуру тавоно буданд. Дасте, ки бӯи тифл ба он нишаста, дасти нарм равонбахши модарҷон буд. Ин дастҳо тақдири одам, тақдири дунё ҷунбон буданд. Тасанно ба дастони пурмуҳаббати модарҷонам, ки баҳри некӣ умре ба сӯи фарзандонаш дароз мешуданд.
Мо, фарзандон якумр хизмат кунем ҳам ба якшаба ранҷе, ки дар сари гаҳвораамон кашидӣ баробар шуда наметавонад.... Ман ба умеди ҷавониям, бепарвоиям худамро дар наздат қарздор меҳисобам, ай модарҷон, зеро бароят хизмати шоистае накардаам ва бароят сухани волотарине нанавиштаам, ай қиблагоҳи умедам. Ҳоло, аз дасти ман фақат дуое талаб кардан ба суи Аллоҳ дар ҳаққи модарҷонам, мондаасту, халос. Парвардигоро, қабри модарамро боғе аз боғҳои ҷаннатат бикун, Парвардигоро, руҳашро аз фарзандонаш шод бигардон, Парвардигоро, ҷойгоҳашро ҷое аз ҷойҳои беҳтаринат дар ҷаннат (ҷаннат_ул_фиръавн) бигардон
Бидонед, ашки модар сӯзонтар аз шарораи оташ бичакад. Оҳ, агар ин ашк бо гуноҳи фарзанд рехт ҳезуми тар аст ки месӯзад. Модар фариштаи пок аст, агар озоре аз ӯ бинӣ бубахшо, дурӯғе гӯяд рост пиндор, ранҷе диҳад ба дил нагир, ҳар гуноҳи модар ба хотири фарзанд аст. Зиннати бӯстону ҳусни гулбоғҳои зебо аз чист? Гармии пайкари зиндагиро асрорест ниҳон, кай бе хандаи тифл ғунча мешукуфт? Бе умеди модар дили зиндагӣ метапид? Корвони умри одамӣ гузарон аст бебозгашт. Модар зангӯлаи умр асту
тифл садояш. Он ҳама кулфате, ки модар барои фарзанд мекашад дар як паллаи бузургтарин тарозуи ҷаҳон вазнин аст. Бори вазнини он як пора дили меҳрубони фарзанд аст.
Боре аз модарам пурсидам:
- Модар сиёҳии мӯят куҷо шуд?
Гуфт: Ба шабҳо додам.
Модар, ҳусни накӯят ку?
Гуфт: Ба дунё додам.
Гуфтам: Модар, хаста шудӣ?
Ҷавобам дод: Ҳаргиз. Шабҳо ба ман субҳи ҷовидон, дунёи умедам дод, ки он фарзандони ман буданд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев