Предыдущая публикация
Номи пурраи ӯ Ҳусайн ибни Абуллоҳ ибни Ҳасан
ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соли 980 дар
деҳаи Лақ-Лақа (Афшанаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро
дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ
олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда дар дарбори
подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар
ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз
вилоёти амири Сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур кор мекард.
Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро
хонондааст. Ибн Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу
тамизи бениҳоя дошт дар синни чаҳордаҳсолагӣ
тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар
тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ
дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев