📝📖📝
Агар дар дунё гурусна мондӣ ё фақир гаштӣ ё бемор ё дар ҳаққи ту зулм шуд, пас ором кун нафсатро ба биҳиште, ки интизори туст. Агар ин ақидаро дар фикри худ ҷой диҳӣ, дар он сурат кулли зиён ба фоида ва кулли бало ба мукофот табдил меёбад. Оқилтарин инсон касест, ки тамоми аъмоли хешро аз барои охират ,судур менамояд, зеро охират беҳтар ва боқист. Аҳмақтарин мардум ононеанд, ки ҳамин дунёро охирин қароргоҳ ва охирин умед медонанд. Пас ин тавр одамон бесабртарин махлуқанд дар вақти мусибат. Зеро онҳо ба ҷуз худ ба атроф назар намекунанд. Тамоми хурсандиро вобастаи худ медонанд ва талхии зиндагиро аз иродаи Худованд намедонанд. Ин аст, ки дар андак мусибат даст ба худкушӣ мезананд. Лекин агар эшон донанд, ки неъмати охират аз қасру ҳурони зебосиришти биҳишт иборат аст, машаққати дунёро ҳам мепарзируфтанд ва ҳам паси сар карда, ба саодат дастёб мешуданд.
На, мо сабр хоҳем кард, ки ин машаққати дунё рӯзе поён меёбад ва ҳурони ҷаннатул фирдавс моро мунтазир аст. Худованд мефармояд:
"Салом бар шумоён, ба оне, ки сабр кардед пас чи хел хуб аст, оқибати ин биҳишт"
(сураи Раъд, ояти 24)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев