1⃣.Ҳазрати Муъоз ибни Ҷабал (Худо аз Ӯ рози бод) ривоят намуда ки Паёмбар ﷺ фармудаанд:
- وعن معاذ بن جبل رضي الله عنه، عن النَّبيّ صلى الله عليه وسلم، قَالَ:
- لاَ تُؤْذِي امْرَأةٌ زَوْجَهَا في الدُّنْيَا إلاَّ قَالَتْ زَوْجَتُهُ مِنَ الحُورِ العِينِ لاَ تُؤذِيهِ قَاتَلكِ اللهُ ! فَإِنَّمَا هُوَ عِنْدَكِ دَخِيلٌ يُوشِكُ أنْ يُفَارِقَكِ إِلَيْنَا
Ҳеҷ зане шавҳарашро дар дунё озору азият намедиҳад магар инки зани ҷаннатии ӯ аз ҳурул-ъин мегӯяд: Эй зан инро(шавҳаратро) озор надеҳ Худо ҳалокат кунад! Бе шак ин назди ту меҳмон аст, зуд аст ки туро тарк намуда назди мо хоҳад омад (Сунани Тирмизӣ 1174, ҳадиси ҳасан).
2⃣.Ҳазрати Абуҳурайра (Худо аз Ӯ рози бод) аз Паёмбар ﷺ ривоят намуда ки он ҳазрат мефармоянд:
عن أَبي هريرة رضي الله عنه، عن النَّبيّ صلى الله عليه وسلم، قَالَ:
- لَوْ كُنْتُ آمِراً أحَداً أنْ يَسْجُدَ لأحَدٍ لأمَرْتُ المَرأةَ أنْ تَسْجُدَ لزَوجِهَا
Агар нафареро амр мекардам ки дигареро саҷда кунад ҳатман занро амр менамудам ки шавҳарашро саҷда намояд (Сунани Тирмизӣ 1159, ҳадиси ҳасан).
Тавзеҳ:
Дар ин ҳадис баён аст бар инки ҳақи шавҳар болои зан зиёд буда аҳамияти бузурге дорад, аммо шавҳарҳо низ набояд мағрур шаванду ҳуқуқи занони хешро поймол кунанд, балки чуноне дӯст медоранд, ки занҳо онҳоро эҳтиром намуда меҳрубонӣ кунанд занҳо низ дӯст медоранд ки шавҳарҳо низ онҳоро дӯст дошта меҳрубонӣ намоянду ҳуқуқашонро поймол накунанд!.
3⃣. Аз Абӣ Алӣ Талқа ибни Алӣ (Худо аз Ӯ рози бод) ривоят аст ки Расули Худо ﷺ фармудаанд:
- وعن أَبي علي طَلْق بن علي رضي الله عنه: أنَّ رَسُول الله صلى الله عليه وسلم، قَالَ: إِذَا دَعَا الرَّجُلُ زَوْجَتهُ لحَاجَتِهِ فَلْتَأتِهِ وَإنْ كَانَتْ عَلَى التَّنُور
Агар мард ҳамсарашро садо занад ба хотири ҳоҷаташ пас зан назди агарчи назди танур(ҳангоми нон бастан)-ҳам бошад назди шавҳараш ҳозир шавад (Сунани Тирмизӣ 1160, ҳадиси ҳасан).
4⃣.Дар ҳадиси дигаре омада ки Умми Салама (Худо аз Ӯ рози бод) мегӯяд:
عَنْ أُمِّ سَلَمَةَ قَالَتْ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: أَيُّمَا امْرَأَةٍ مَاتَتْ وَزَوْجُهَا عَنْهَا رَاضٍ دَخَلَتِ الجَنَّةَ.
Расули Худо ﷺ фармудаанд: Кадом зане аз дунё гузарад ва шавҳараш аз ӯ рози бошад он зан дохили ҷаннат мешавад (Сунани Тирмизӣ 1161, ҳадиси ҳасан).
5⃣.Дар ҳадиси дигаре омада ки Расули Худо ﷺ фармудаанд:
عن أَبي هريرة رضي الله عنه، قَالَ: قَالَ رَسُول الله صلى الله عليه وسلم:
- إِذَا دَعَا الرَّجُلُ امرَأتَهُ إِلَى فرَاشِهِ فَلَمْ تَأتِهِ، فَبَاتَ غَضْبَانَ عَلَيْهَا، لَعَنَتْهَا المَلائِكَةُ حَتَّى تُصْبحَ
Ҳангоме ки мард ҳамсарашро ба ҷойгаҳи хоб даъват намояд ва зан ҳозир нашавад ва мард ғазабнок шуда хоб кунад малоикаҳо то ҳангоми субҳ он занро лаънат мекунанд (Саҳеҳ Муслим 1436, Бухорӣ 3237)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев