Марде, ки хамсарашро аз даст дода буд, духтари се солаашро хеле дуст медошт. Духтарак ба бемории сахте мубтало шуд. Падар ба ҳар даре зад то кудак саломатиашро дубора ба даст биёварад, ҳар чи пулу мол дошт барои дармони у харҷ кард, вале беморӣ ҷони духтаракро гирифт ва у мурд. Падар дари хонаашро басту гушанишин шуд. Бо ҳеҷ кас суҳбат намекард ва ба кор намерафт. Дустону ошноёнаш хеле саъй караданд, то уро ба зиндагии оддӣ бар гардонанд, вале муваффақ нашуданд. Шабе падар хоби аҷибе дид. Дид, ки дар биҳишт ҳасту як қатори муназзаме аз фариштагони кучак дар роҳҳои тиллои ба суи касри муҷаллале дар ҳаракат ҳастанд. Ҳар фаришта шамъе дар даст дошт ва шамъи ҳамаи фариштагон ба ҷуз яке аз онҳо равшан буд. Мард вақте пештар рафт, дид фариштае, ки шамъаш хомуш аст ҳамон духтари худаш ҳаст. Падар фариштаи ғамгинро дар оғуш гирифту уро навозиш дода аз у пурсид: дилбандам, чаро ғамгинӣ? Барои чи шамъи ту хомуш аст? Духтарак ба падараш гуфт: падарчон, ҳар вақт шамъи ман равшан мешавад, ашкҳои ту онро хомуш мекунад ва ҳар вақт дилтанг мешавӣ, ман ҳам ғамгин мешавам. Падар дар ҳоле, ки ашкаш дар чашмонаш ҳалқа зада буд, аз хоб париду бедор шуд. Ашкҳояшро пок кард, гушанишиниро раҳо карду ба зиндагии оддии хуб боз гашт...
Бале, воқеан мусибати ҷигаргуша ё ҳар азизи инсон сангин аст, аммо танҳо илоҷи ин дард сабр аст. Ин суннати илоҳӣ аст, гузаштагон рафтанд, мо ҳам меравем ва ояндагон ҳам мераванд. Дар баробари иродаи Худованди худ бояд фақат таслим буду ба доду гирифташ шукру сабр кард, он вақт зиндагӣ роҳи воқеии худро пайдо мекунад.
Худоё!!! Моро дар баробари неъматҳое ки бароямон ато мекуни сабр кардан ва дар баробари неъматҳое, ки мегирӣ низ сабр карданро насиб фармо. Худоё! Моро аз гуруҳи собирон ва шокиронат бигардон... омин.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев