Субҳгоҳон Умар (р) дар кўчаҳои Мадина равон буд ва эҳсос менамуд, ки оромӣ дар ҳама шаҳр ҳукмфармост. Ва дар ин оромие, ки тамоми шаҳрро фаро гирифта буд, овози занеро шунид, ки суруд мехонд ва эҳсосоти худро дар он изҳор мекард.
Шаб дарозу дер боз н-омад рўз.
Шудам пазмони он ёри дилафрўз,
Набудӣ тарси Ҳақ гар бар вуҷудам,
Ҳамеҷунбид кати хобам шабу рўз.
Суруди зан виҷдони Умар (р)-ро ором нагузошт. Пас, ба назди хонаи он зан омада, иҷозати даромадан хост ва чунин гуфт:
- Туро чӣ шудааст, эй зан?
Зан посух дод:
- Чанд моҳ аст, ки шавҳарамро аз ман дур кардаӣ ва ман муштоқи дидори ўям. Умар (р) бо қаҳр гуфт:
- Оё қасди кори баде дорӣ?
Зан гуфт:
- На, савганд ба Худо.
Умар (р) гуфт:
- Худро ба даст гир, ман ба ў нома мефиристам. Пас, ба шавҳари он зан нома фиристода, ўро бозпас хонд. Сипас, ба назди духтараш Ҳафса (р) даромада, чунин гуфт:
- Ман мехоҳам аз ту масъалаеро бипурсам, ки маро ба ташвиш овардааст.
Баъд каме ором гардид ва пурсид:
- Дар чӣ қадар вақт зан шавҳарашро пазмон мегардад.
Ин ҳангом сари уммулмўъмин Ҳафса (р) аз ҳаё хам гардид. Умар (р) дубора ба ў рўй овард, то ки шармро аз духтараш дур намояд ва чунин гуфт:
- Худованд аз ҳақ намешармад.
Чунин суханони падар низ Ҳафсаро аз ҳаё бознадошт ва натавонист ҷавоб гўяд, вале чун падар исрор намуд, бо ангуштони худ шумораи 3-ро ишора намуд, ки ифодагари се ё чаҳор моҳ буд. Баъд аз ин Умар (р) ба ҳар манотиқе, ки зери фармонаш буд, нома фиристод ва дастур дод, ки сарбозонро аз се моҳ зиёд дар ҷабҳаҳо манъ нанамоянд .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев