Як олими ислом мегуяд-
Падаре назди ман омад ва гуфт-
Насихате дорам, мехохам онро ба мардум бирасонй.Бисер гиря кард.
Коматаш хам ва асо дошт.
Гуфт:-Бачачонам! 3 писари хуб дорам, сохибмоланд.
Хамсарам аз дуне гузашта аст.
Як руз мархуми хамсарам аз ман як хохиш карда, гуфт--
Мо ин кадар писарони хуб тарбия кардем, ба воя расондем, оиладор намудем.Чи мешавад, ки ту, ки падари онхо хастй, як руз онхоро даьват намои, як маслихат кунен ва онхо моро ба хач, равон кунанд.
Падар мегуяд- писаронамро
даьват кардам ва ба онхо гуфтам:-
Модари шумо орзуи хач,ро дорад.
Мо шуморо тарбия кардем, ба воя расондем, обод кардем.Чи мешавад, ки шумо якчоя як маслихат кунен ва маро бо модаратон ба хач, равон кунен.
Писари калонй гуфт:-
Ман нав тичоратро сар кардам ва холо пул надорам.
Фарзанди дуюм гуфт:- ман пуламро дар бонк мондаам ва холо онро гирифта натавониста истодаам.
Писари хурдй гуфт:-
Шумо пир шудаед ва дигар куввати хачро надоред!
Падар гуфт- Аз фарзандхо дилам бисер норохат шуд.Ба хона омадам.Хамсарам гуфт, ки бо фарзандхо маслихат карден.
Мард мегуяд, ки ман нахостам дили хамсарам аз писарон бимонад.Барои хамин гуфтам, ки бале маслихат кардем.Онхо ваьда доданд, ки мавсими хач омад, шуморо хач равон мекунем.
Мавими хач хам омад.
Нафароне, ки падару модаршона дуст медоштанд, барои дуруст кардани хуччатхои онхо дар такопу буданд.
Хамсарам дид, ки аз фарзандхо садое нест, дар фироки хонаи Каьба шабхо мегиристаст.Ман намедонистам.
Як шаб бедор шудам, ки хамсарам болои сарам гиря дорад.
Ба у гуфтам-
Чаро гиря мекунй?!
Хамсарам гуфт:-
Дилам дард мекунад.
Сахар дасти хамсарма гирифта, назди табибхо бурдам.
Табиб баьди ташхис гуфт:-
Бобоч,он ин кас ба шумо ки
мешавад ?
Гуфтам- Хамсарам аст.
Гуфт:- Дилаш бемор шудаст аз сабаби гамхо.
Чанд намуд дору навишт ва таькид намуд, ки ин дорухоро дархол харидорй кунен, ки вазьияти дили модар бисер хатарнок аст.
Падар мегуяд- дорухатро гирифтам.Аммо нафакаам барои хариди он дорухо намерасид.
Писари калониро занг зада,
гуфтам:-
Бачачон! Модарат бемор аст.Чи мешавад, ки барои харидани дорухои барои у навишта, ерй кунй?!
Писари калонй бо овози дагал:-
Ман пул надорам !
Ва телефонро хомуш кард.
Онгох писари дуюмро занг задам.
У низ бо дагалй рад кард.
Дар охир писари сеюмиро занг зада, уро низ аз ахвол огох кардам.
Писари хурдй гуфт:-
Табибхо дуруг мегуянд.Модарам бемор нест.Он кас шуморо озор медихад.
Падар мегуяд- Баьди ин хол чанд доруе, ки кудрат доштам,харидам.
Як намози шом дар хона танхо будам.Фарзанди калониро занг задам, у телефонша хомуш кард.
Боз занг задам.Боз хомуш кард.
Сеюм бор занг задам, ки фарзанди хурдй телефони бародарша бардошт.
Гуфтам:- Бачачон !
Гуфт:- Э рузмон медихй?! Мо хамрохи дустхо дар як маросим хастем.Холо баьдтар занг бизан, муйсафед !
Баьзехо як хислати бад доранд, ки гумон мекунанд, ки падарашонро муйсафед е пирамард гуянд, хурсанд мешавад.Бовар кунед чунин нест.Ин барои падар тахкир аст, ки фарзанд уро бигуяд- муйсафед.Охир ягон вакт падархо номи фарзандша кудак намегуяд.
Бачачон е писарчон мегуяд.
Падарро на муйсафед,балки падар бояд гуфт.
Падар мегуяд- Бори охир занг задам.Вакте, ки писарам телефонро бардошт, гуфтам-
Бачачон як дакика суханамро гуш кун!
Гуфт- Вакт надорем!
Гуфтам- Як лахза!
Гуфт- Бигу.
Гуфтам- Худо( ро дуо дорам,ки) давлататон аз ( сабили)сартон бимонад.Хамин модартон болои зонуи ман ч,он дод.Фардо ба чанозаи модартон биеед!..#
Хайфи фарзанд, ки беномусу беор шавад,
Вакти пирй падару модари у хор шавад.
Таҳияи Шеравган Ҳакимов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев