🔸 Матни пурсиш:
Ба каррот дида ва шунида шудааст ки афроди ҳатто бедин ё будойи ё говпараст, бо муроҷиъа ба маъобид ва амокини муқаддаси худашон шифо гирифтаанд. Ин мавзӯъро тавзеҳ бифармойед ки чигуна иттифоқ меафтад?
🔸 Матни посух:
Шифойи бандагон аз ҷониби Худованд аст ва Ӯст ки ҳоҷати ононро бароварда месозад, хоҳ онон аз он огоҳӣ дошта бошанд ва хоҳ аз он ғофил бошанд; Чунонки фармудааст: ﴾كُلًّا نُمِدُّ هَؤُلَاءِ وَهَؤُلَاءِ مِنْ عَطَاءِ رَبِّكَ ۚ وَمَا كَانَ عَطَاءُ رَبِّكَ مَحْظُورًا﴿[п/1]; «Ҳар як аз инон ва ононро аз атоъи Парвардигорат баҳраманд месозем ва атоъи Парвардигорат маҳдуд нест»! Рӯзии мункаронашро ба сабаби инкорашон қатъ намекунад ва ҳоҷати душманонашро ба сабаби душманишон нодида намегирад; Чароки агар онон Ӯро намешиносанд, Ӯ ононро мешиносад ва агар онон ба Ӯ эътино надоранд, Ӯ ба онон эътино дорад ва ин мазҳури Раҳмонияти Ӯ ва таҷаллии исми Арҳамурроҳимин аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2564/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев