Яке аз қуттиҳои хайриявии Ташкилоти Ҷамъиятии "Ормони дилҳо" дар Сартарошхонаи овозадори "Шаҳло" воқеъ дар суроғаи ш.Исфара рӯ ба рӯи саристгоҳи (автовокзал) Исфара гузошта шудааст. Сартарошҳои беҳтарину боистеъдоди ин макон аз фаъолияти хайрхоҳонаи ташкилот огаҳӣ дошта, ҳамеша ба мизоҷони худ фаъолияти ташкилотро тарғибу ташвиқ намуда даъват ба амал меоранд,ки дар кори хайр саҳми хешро гузоранд. Вақте аъзои ташкилот барои ҷамъоварии маблағҳои хайриявии қуттӣ ба ин макон ташриф меоранд ҳамаи Устоҳои моҳири ин макон барои ҷамъоварии маблағ кӯмак намуда ҳамеша барои кӯмак ба ниёзманд ғояҳои нави кориро пешниҳод менамоянд, ки аз ин тарафдориву кӯмакҳо ва дастгириҳои онҳо мо аъзои ташкилот беҳад хушнуд ҳастем. Воқеан ҳам устоҳои ин макон инсонҳои саховатманду хайрхоҳ ҳастанд дар ҳамаи иқдомҳои неки ташкилот аввалин шуда худи онҳо саҳми худро мегузоранд. Аҳсан! сад аҳсан ба кулли Сартарошони моҳири сартарошхонаи "Шаҳло". Ҳамеша комрону саодатманд бошед!!
Ин навбат аз қуттии хайриявии ин макон ба буҷети ташкилот 513 сомонӣ маблағҳои хайриявии мизоҷони Сартарошхонаи "Шаҳло" ворид карда шуд. Ба он нафароне ки ҳамарӯза аз хизматрасонии сартарошони ин макон истифода бурда беғаразона ба қутти ташкилот хайроти худро мегузоранд изҳори сипос менамоем. Бигузор Худованд хайроти ҳамаи мову Шуморо ба даргоҳаш қабул намуда аз раҳматаш ҳамаи хайркунандагон ва саховатмандонро баҳравар гардонад.
"Ормони дилҳо"- Бо мо беҳтаринҳо!!!'
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев