Дӯсту рафиқи арҷуманд!
Бародару хоҳари гиромӣ!
Замоне фаро мерасад, ки Қуръони карим аз рӯи замин, аз синаи қориҳо, аз сатри Қуръонҳо ва аз зеҳни инсонҳо то абад бардошта мешавад. Ин ҳодиса ҳатман шабе аз шабҳо рӯх медиҳад.
ИН ҲОДИСА ЧӢ ТАВР РӮХ МЕДИҲАД?
Рӯзе мардум баъд аз хоби шаб субҳгоҳон ба қасди тиловати каломи Илоҳӣ бедор мешаванд Қуръонеро ба даст мегиранд мехоҳанд онро тиловат кунанд, аммо ногаҳон мебинад, ки варақҳои Қуръон холӣ асту ҳарфҳои он бардошта шуда аст саросима ба тарафи Қуръони дигар мешитобанд ҳар Қуръонеро, ки ба даст мегирад мебинад ҳарфҳои он бардошта шуда аст мехоҳад аз ҳифзашон бихонад мутаассифона аз ҳифзу зеҳнҳо ҳам бардошта шуда аст наметавонед чизе аз Қуръонро ба ёд биёрад. Дар ин ҳангом ҳама ба хубӣ дарк мекунанд, ки Қуръони карим аз ҳама китобҳо, синаҳо ва аз зеҳнҳо низ бардошта шуда аст.
Дар ҳадиси шариф омада аст:
عَنْ عبد الله بن مَسْعُودٍ قَالَ : " لَيُسْرَيَنَّ عَلَى الْقُرْآنِ ذَاتَ لَيْلَةٍ فَلا يُتْرَكُ آيَةٌ فِي مُصْحَفٍ وَلا فِي قَلْبِ أَحَدٍ إِلا رُفِعَتْ " أخرجه الدارمي بسند صحيح برقم 3209 .
"Ҳатман шабе аз шабҳо Қуръони карим (аз рӯи замин) ба сӯи осмон бардошта мешавад ва на ҳеҷ ояте дар варақҳои Қуръон ва на ояте дар қалби ҳеҷ нафаре боқӣ намемонад".
Ривояти Доримӣ:3209 ба санади саҳеҳ.
Бинобар ин, имрӯз, ки фурсат дорем, ин неъмати бебаҳо дар ихтиёрамон ҳаст пеш аз он, ки аз миёнамон бардошта шавад онро тиловат намоем ва дар зиндагимон аҳкоми онро пиёда намоем, то рӯзи қиёмат аз шафоаташ бо насиб гардем.
Ҳадисҳо ва қиссаҳои исломи
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев