МОДАРИ БЕРОҲА
Фарзон писари яккаю ягонаи волидонаш буд, падараш барвақт
вафот намуду модараш, ки дар синни 30-солагӣ бева монда буд,
ба хотири ӯ дигар шавҳар накард. Наҳтутии соҳибҷамол дар
мактаби деҳа фаррошӣ мекарду ғайр аз ин чевари гулдасте буд.
Шабҳо то дер дарз медӯхту ҳоҷати мардумро раво мекард, зани
раиси хоҷагӣ низ аз мизоҷонаш ба шумор мерафту ба ин зани аз
дасти қисмат озор ёфта ёрии бисёр мерасонд. Маҳз бо дастгирии
зани раис барояш аз ҳисоби хоҷагӣ хонаи нав сохтанд. Акнун
Наҳтутӣ дар хонаи нави пурҷиҳоз зиндагӣ мекарду тамоми
дарёфташро барои писари ягонааш сарф менамуд. Фарзон эркаю
зуккахӯр ба воя мерасид. Пас аз хатми мактаби миёна холаи
Наҳтутӣ ба писараш гуфт, ки муаллим шавад, аммо Фарзони ба
ҳаваси пули бедарди миён афтода, дар курси кӯтоҳмуддати савдо
хонда, дар мағозае ба ҳайси фуруӯшанда ба кор даромаду дере
нагузашта, аз ҳисоби ҳаромхӯрӣ соҳиби мошину пулу моли зиёде
гашт. Пули зиёд ва рафиқони мисли худаш бадгард ҷавони
сустиродаро тамоман аз роҳи инсонгарӣ бароварданд. Модари
акнун миёнсолашро ҳурмат намекарду одам ҳам намешумурд,
барои гапи ночизе ба сараш дод мезад. Бечора Наҳтутии сӯхтабахт
хаёл мекард, ки дар сояи давлати писараш осуда давлати пирӣ
меронад, аммо беҳуда нагуфтаанд: Носуда куҷо равад, ки осуда
кунад. Зан бо умеди зиёд ҷиҳози арӯсӣ ҷамъ карда буд ва мехост,
писарашро тӯй карда, армон шиканад. Духтари додарашро таги
чашм карда буду умед дошт хонаю дараш насиби дигаре
нагарданд. Боре бо шӯхӣ матлабашро ба додараш баён дошта,
додараш ба хотири ӯ розӣ шуд, то духтарашро ба Фарзон дода,
армонҳои апаи азияткашидаашро барорад. Аммо Фарзон, раққосаи
тӯйгардеро бе тӯю сур ба хона оварда, бо ӯ зиндагӣ оғоз кард. Ба
гиряву зориҳои модар гӯш ҳам надода, гуфт, ки хоҳӣ бо мо зиндагӣ
намо, нахоҳӣ дафъи муъминон шав! Модари бечора аз шарми зиёд
аз хона берун намебаромад, келин бошад, сояи ӯро аз девор
метарошид, ба ӯ хола ё амма гӯён муроҷиат намекард, кампири
содааш меномид. Оҳиста-оҳиста муносибати бади шавҳар ба
келини худомада ҳам таъсир кард, ки дигар кампирро писанд
намекард. Худо накунаду бо оби чашм писару келинашро насиҳат
карданӣ шавад, Фарзони масти пул беибо аз Худо натарсида,
модари зорашро зери шатаю шаллоқ мегирифт. Ин ғаму дард
кампирро ба беморӣ гирифтор карду дар як рӯзи офтобии айёми
баҳор ҷони хору зорашро ба ҷонофарин супорид. Аҳли деҳа
маъракаҳои кампирро обод гирифтанду дар ҳаққаш дуои хайр
карданд. Пас аз марги модар Фарзону Сайригул соҳиби як писар
шуданд, вале аз зиндагияшон файзу баракат парид. Фарзон дар
кори савдо камомад карду ӯро ба мӯҳлати тӯлонӣ ҳабс намуданд,
Сайригул пас аз ҳабси шавҳар ба кори пештарааш баргашта,
тӯйгардӣ мекард. Бадгардии модар ва беаҳамиятии ӯ ба фарзанди
ягонааш асар намуданду Шодон бисёр беодоби хунибинӣ ба воя
мерасид. Сайригул баъди ҳар «сафари ҳунарияш» ба хона
мардонро меоварду ба айшу ишрат машғул мегашт, барои ин зани
аз Худою Расул бехабар, фарқе надошт, ки шавҳараш дар кунҷи
зиндон асту писари ноболиғаш бошад, шоҳиди ҳаромгардиҳояш.
Ҳамсояҳо аз ин зани бадгарду беимон ҳазар мекарданд ва
мегуфтанд, ки Фарзони модарозорро Худо зад. Рӯзҳо пайи ҳам
сипарӣ мегаштанду ба боғи ҳусну ҷамоли Сайригул, ки акнун
мардум аз номаш пасванди гулро гирифта, ҷалабро илова намуда
буданду Сайрӣ-ҷалабаш меномиданд, хазон даррасид. Акнун
ҳофизони тӯйгард ӯро ба тӯйҳо намебурданд, аммо Сайригул оне
набуд, ки аз роҳаш гардад. Ӯ акнун роҳи дигари даромади ҳаромро
ёфта буд, хонаашро ба ихтиёри фоҳишаҳо ва мардони фосиқе
мегузошт, ки барои айши яклаҳзаина маблағи калон пардохт
мекарданд. Боре чанд ҳамсоя аз рӯйи ӯ ба милиса шикоят
бурданд, вале шиносҳои Сайригул онҳоро тарсонданду ҳамсояҳо
аз тарси номуси духтарони қадраси худ ӯро бинанд, роҳашонро
дигар мекарданд. Ба зани сабукпойи беандеша дигар чизе халал
намерасонду чӣ хеле метавонист, айш меронд. Ҳатто аз ҳабсхона
баромадани шавҳараш низ ӯро дигар накард. Вақте Фарзон аз
ҳабсхона баромад, писараш аллакай 16-сол дошт ва ӯро хуш
қабул накард. Бероҳагии зану бемеҳрии фарзандро дида мард ба
шароб рӯй овард, ҳар гоҳе маст шуда меояд, писараш ӯро то беҳуш
шуданаш зада, баъд ба ҳезумхона оварда мепартояд. Ҳамсояҳо
садои имдодталабонаи ӯро шунаванд ҳам, ба ёрӣ намеоянд, зеро
бадиҳои ба модари мушти параш раво дидаи ӯро то ҳол фаромӯш
накардаанд. Охир, беҳуда нагуфтаанд, ки:
Ҳар кӣ бад кардаст, ба рӯзи бад расад.
Некиро некӣ ва бадро бад расад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1