Предыдущая публикация
Малҳами синаи решу дили афгор куҷост?
Бесарупой* чу афтодае дар шашдари роҳ,
Аҷзу ҳайратзадаем, маҳзари дидор куҷост?
Синасӯзем зи шавқу талаби рухсораш,
Шамъи дилсӯхтаро оташи рухсор куҷост?
Гарчи пайваста ба ҳарфу суханаш гӯш ниҳем,
Набидонем, ки он соҳиби гуфтор куҷост?
Заррае шубҳа надорем зи Ҳай(й)* будани ӯ,
Дар фаноем ҳама, Воҳиди Қаҳҳор куҷост?
Зоҳираст бар дили мо, ҳастии он зоти Басир*,
Лек бар дидани Ӯ дидаи бедор куҷост?
Эй Муродӣ, зи кӣ мепурсӣ ту асрори вуҷуд?
Ғайри Ӯ, Воҷиду* ҳам воқифи асрор куҷост?
Бесарупой*- ошуфта.
Ҳайй*- ҳамеша зинда.
Басир*- бинои ошкору ниҳон.
Воҷид*- бавуҷудоваранда.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ.22.07.2017.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
Шарафманду саодатёр бошед!