Предыдущая публикация
Дилхате овардаам, эй дил, зи осори дилам,
То бидонӣ, аз дилу аз ҳолати зори дилам.
Дил бидодам бар дилат ,то дарди дил шуд дилшикан,
Эй табиби дил, биё, аз баҳри дидори дилам.
Ин дили дилдодаро як дилнигоҳе кун зи дил,
К-аз нигоҳи дилкашат, гардад фараҳ ёри дилам.
Дилшиносон гарчи гӯянд "аз диле бар дил раҳест"
Ҷуз ту накшоям касеро қуфли девори дилам.
Бар дилу дилгунаҳое во накардам килки дил,
Чун туи шоистаи ҳар байту ашъори дилам.
Эй сабо, дилномаро бар сӯи дилдорам бубар,
То биёбад огаҳӣ аз ҳарфу гуфтори дилам.
Аз дили зори Муродӣ, сад диле гӯяш салом!
Бар диле, ки бо у бошад чораву кори дилам.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 28.01.2025
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 80
Дилхате овардаам, эй дил, зи осори дилам,
То бидонӣ, аз дилу аз ҳолати зори дилам.
Дил бидодам бар дилат ,то дарди дил шуд дилшикан,
Эй табиби дил, биё, аз баҳри дидори дилам.
Ин дили дилдодаро як дилнигоҳе кун зи дил,
К-аз нигоҳи дилкашат, гардад фараҳ ёри дилам.
Дилшиносон гарчи гӯянд "аз диле бар дил раҳест"
Ҷуз ту накшоям касеро қуфли девори дилам.
Бар дилу дилгунаҳое во накардам килки дил,
Чун туи шоистаи ҳар байту ашъори дилам.
Эй сабо, дилномаро бар сӯи дилдорам бубар,
То биёбад огаҳӣ аз ҳарфу гуфтори дилам.
Аз дили зори Муродӣ, сад диле гӯяш салом!
Бар диле, ки бо у бошад чораву кори дилам.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 28.01.2025
хело пурмазмун офарин.....
Устод Аллоҳ нигоҳбонатон
Ташаккур хоҳари азиз!
моро дар дуъоҳои некатон фаромуш накунед...
Ҳарфе, ки ин гуна аз дил мебарояд, албатта ба дилҳо мерасад.