Предыдущая публикация
Аз барои ризқу рӯзӣ дар такопӯву давам.
Чун равам сӯи Руссия , дур аз аҳлу аёл,
Бо умеди он,ки рӯзе соҳиби рубле шавам.
Вой бар ҳоли мусофир, гаштаам чун хору зор,
Медавам ин сӯву он сӯ то биёбам ҷои кор.
Як ғариби мустамандам дар сарои мулки Рус,
Монда бе пушту паноҳу дур аз ёру диёр.
Мегурезам аз Пулису ҳам зи авбошаш мудом,
Гар биафтӣ дасташон созанд ҷайбатро тамом.
Холӣ созанд киссаро бо таъқиру бо зарбу зӯр,
Кай кунанд раҳме ба ҳолат гар биафтодӣ ба дом.
Эй бародар маслиҳат ин аст то дар мулки худ ,
Беш бошад ё каме андар Ватан хизмат намуд.
Музд гар як танга бошад дар Ватан бе миннат аст,
Чунки сад рубли Руссия иллате дорад ба худ.
( Муродии Хатлонӣ) . 2016. с.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев