Ғарибони раҳи дур аз Ватанро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Ҳамон мурғони дур аз ин чаманро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Барои зиндагонӣ гашта маҷбур,
Ки аз хоки Ватан рафтанд ҳаме дур.
Бикун осон барошон зистанро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Заноне,ки муҳоҷир гаштаанд чанд,
Ки дур аз хонаву аз чашми фарзанд.
Ҳама он гулрухони ёсумонро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳдор.
Ба мулки Рус равад навхонадоре,
Нагашта сер аз дидори ёре.
Фиғони булбули дур аз чаманро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Чу бинам муйсафеде мардикор аст,
Барои ризқ ғарибу хору зор аст.
Ҳама пиру ҷавони ин Ватанро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Муродӣ менависад баҳри ёрон,
Барои он ғарибу мардикорон.
Тамоми ошиқи назму суханро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
(Муродии Хатлонӣ).04.09.2016. с
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев