Предыдущая публикация
Хоҳи,ки зи ҳар фитнайе огоҳ шавӣ,
Бар шаҳвату нафси хеш чун шоҳ шавӣ,
Дурӣ магузин зи назди Шерони адаб,
В-арна ба фиреб тӯъмайи Рӯбоҳ шавӣ.
Бо мардуми бад машин,ки пирони сухан,
Гӯянд ,ки "Бо моҳ шини моҳ шавӣ ".
Бо ростравон нек бувад ҳамроҳӣ ,
Бо ҳамраҳи бад каҷраву гумроҳ шавӣ.
Ҳарҷо,ки қадам гузори санҷида гузор,
Аз бехабарӣ фитодаи чоҳ шавӣ .
Вазнинӣ ба дарёи ҳаёт шарт бувад,
Обат бибарад чу донаи коҳ шавӣ.
Пас пеша бикун сабру шикебоиро,
То соҳиби иззу партаву ҷоҳ шавӣ.
Кӯтоҳ бигӯямат Муродӣ , бишунав
Бо роҳе бирав лоиқи даргоҳ шавӣ.
(Муродии Хатлонӣ).4.12.2016. с.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев