Чун абри гузар лаҳзае борида гузаштӣ,
Гуё ба сарам сад ғаме корида гузаштӣ
Гул кард зи ишқат дилу ночида гузаштӣ
" Бисёр маро дидаву нодида гузаштӣ,
Дар хеш нағунҷидаву болида гузаштӣ "
Бо сеҳри ду чашмони сиёҳ карди гирифтор
Бар қомати дилфиреби худ шефтаи зор
Гаштем туро бо ивази ҷон харидор
" Кушти ҳама ангезаи дилро чу гунаҳкор
Аз дарду ғами ошиқӣ тарсида гузаштӣ "
Дар ишқи рухат дидаву дил дӯхта будам
Аз шавқи висолат чу алав сӯхта будам
Сад ақлу ҳушам баҳри ту бифрӯхта будам
" Дар роҳгузарат пораи дил рехта будам,
Фарёд,ки нодидаву ночида гузаштӣ "
Дил дода ба ту эй басо дил бохта буданд
Дар синаи хеш хонаи ғам сохта буданд
Аз пушти ту чун аспи давон тохта буданд
" Бисёр туро хоста нашнохта буданд,
Хуш- хуш ҳамаро хуш написандида гузашти"
Гарчанд ту гулғунчаро дар бар нагирифтанд,
Ҷуз пушти дарат пушти дигар дар нагирифтанд.
Сӯхтанд ба пои ту вале сар нагирифтанд,
" Карданд басе дуд вале дар нагирифтанд
То бӯи дили сӯхта нашнида гузаштӣ "
Маҳрум бишуд чашми дил аз дидаи шодӣ
То нахли ҳаёти маро бар бод бидодӣ
Дар шавқи рухат сад диле куштӣ чу Муродӣ
" Чун наҷми парон шӯълакашон бол кушодӣ,
Аз тори сари мардуми хобида гузаштӣ "
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ). соли 2002.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев