Предыдущая публикация
РАҲМАТУЛЛО ИЗАТУЛЛОЗОДА
Бувад бахт ошноят, эй Муродӣ,
Ҳама хушӣ фидоят,эй Муродӣ.
Саросар гавҳарафшонасту некӯ,
Ҳама бинвиштаҳоят,эй Муродӣ.
Ҳама ашъори ту сарсабзи маҳфил,
Аҷаб аст шеърҳоят,эй Муродӣ.
Шукуҳи шеъри ту зеби баҳорон,
Чу гул ҳар гуфтаҳоят, эй Муродӣ.
Ҳама ашъори ту дарёи ганҷ аст,
Қиммат аст ҳарфҳоят,эй Муродӣ.
Ҳазорон назмгӯи ҳарзагӯ худ,
Наярзад гарди поят,эй Муродӣ.
Миёни аҳли шеъру ҳикмату фан,
Бувад махсус ҷоят, эй Муродӣ.
Ту марди беҳтарин ҳастиву шодам,
Ки ҳастам ошноят, эй Муродӣ.
Агар чанде,ки Шайдо васфи ту гуфт,
Камаст ин аз бароят, эй Муродӣ.
Бувад то ҷовидонӣ зинда бошӣ,
Наояд интиҳоят, эй Муродӣ.
5.01.2017 с.(Шайдо).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев