Гарчанд ҳузури дилу қувват ба миён аст,
Пул офати ҷон аст.
Гарчи сабаби иззату ҳам шавкату шон аст,
Пул офати ҷон аст.
-
Бар киссаи ту рӯзе агар ғавс дарояд,
Рӯзе бубарояд.
Мисле, ки ба ҳар ҷодаи гул рӯи хазон аст,
Пул офати ҷон аст.
-
Ҳарҷо, ки равӣ ҳарфи пулу қиссаи доллор,
Такрор ба такрор.
Ҳар масъалае ояд агар пул ба миён аст,
Пул офати ҷон аст.
-
Ҳам тоҷи сару болу пару ҳамдаму ҳамроз,
Афсӯс, ҳаме боз,
Осеби дилу дарди сару бори гарон аст,
Пул офати ҷон аст.
-
Имрӯз, ки ҳар қулфи дареро бикушояд,
Аз дасти пул ояд.
Дар рӯзи ҷазо суду зиёнаш ба гумон аст*
Пул офати ҷон аст.
-
Ҳушёр бишав, токи нагардӣ чу ғуломаш,
Уфтода ба домаш.
Шукри ками ӯ кун, ки зиёдаш ба зиён аст!
Пул офати ҷон аст.
-
Баҳри талаби сарвати дунё, ки ҳарисӣ,
Ҳайфо, ки хасисӣ,
Бе уҷру закоте, ки басо ҷурми калон аст,
Пул офати ҷон аст.
-
Дунё, ки ба шӯр омада аз рағбати ин пул,
Ку сабру таҳаммул?
Аз шумии ӯ хархашаву кашмакашон аст,
Пул офати ҷон аст.
-
Додар ба бародар бикунад ҷанг барояш,
Гардида фидояш,
Ин кори ману туст ва ё дарди замон аст?
Пул офти ҷон аст.
-
То чанд, Муродӣ, бикунӣ шикваи бисёр?
Аз дирҳаму доллор.
"Оне, ки аён аст, чи ҳоҷат ба баён аст!?"
Пул офати ҷон аст.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ (Март.2022)
*Ин маънои онро надорад, ки пул тамоман чизи нолозим аст. Банда гуфтаниям, ки пулу моли зиёдро саволу ҷавобаш низ зиёд аст.
Шахси кампул сабукдӯш ва бароҳаттар аст, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират.
*"Суду зиёнаш ба гумон аст"- яъне, ба гумон аст, ки пули имрӯз дар даст доштаи мо фардо дар рӯзи ҳисобот ( рӯзи ҷазо) ба нафъи мост ё бар зиёни мо.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 119
Офиятро гар бихохи эй азиз
Метавони ёфтан дар чор чиз
Эминиву НЕМАТ дар хонадон
Тандурустиву фарогат баъд аз он..
..аммо аз хуби дида зиёнаш зиёдтар аст..Хак гуфта шуда...
Ҳақ асту рост.
Офарин зебо гуфтед