Ва бо ӯ гарм аҳволпурсӣ кард. Бону Мақсадро
нашинохта бошад ҳам, бо табассуми зебо ба
саломаш алейк гирифт. Пас аз фосилае
Мақсад худро шинос намуду шоира бо
хурсандӣ гуфт: Ҳа- ман садои шуморо хеле
дӯст медорам, боз чанд шеъратонро аз
саҳифаҳои матбуот хондаму писандам омад,
аҷаб хубе, ки дар ин субҳи зебо ба ҳам шинос
шудем. Ҳамин тавр сӯҳбати хонум бо
ҷавонмарди орзупарвар ба қавли маъмул
шира басту онҳо то дергоҳ бо ҳам буданд.
Мақсад дар дил шод буд, ки бо ин шоира
вохӯрду акнун метавонад аз ӯ маслиҳатҳои
муфид гирад. Аммо дили шоираи пир чизи
дигар мекашид, ӯ мехост Мақсад бо ҳузураш
мурғи дили кайҳо аз чаҳ-чаҳ мондаи ӯро ба
нағма дарорад. Барои ин гурги борондида
фарқе надошт, ки Мақсад аз ӯ чил сол хурд
буду қариб ба наберааш баробар аст. Агар
духтари калонияш дар ҳаждаҳсолагияш
шавҳар мекарду таваллуд менамуд, имрӯз
фарзандаш ҳамқади Мақсад буд.
Ҷунбиши ишқи пирӣ
Акнун Мақсад аз субҳ то шом ҳамроҳи шоира
буд, дар панҷ рӯз онҳо ҳамдигарро хеле
омӯхтанд. Бону ба Мақсад ваъда дод, ки ба
шаҳр рафтан замон аз пайи нашри китобаш
мешавад. Мақсад бошад, аз ин меҳрубонӣ дар
осмони ҳафтум парвоз мекарду аз қисматаш
миннатдор буд, ки ӯро ба ин зани некрой рӯ ба
рӯ овард. Шаби шашуми шиносоиашон шоира
Мақсадро ба ҳуҷрааш таклиф намуд. Ҷавон аз
гӯшти қайлае, ки хушдоманаш дар осоишгоҳ
мехӯрӣ гӯён барояш дода буд, дар лаълие
гирифта ба ҳуҷраи бону рафт. Шоираи пир, ки
аз синну солаш хеле ҷавон метофт, ба бар
куртаи ҳарири сафеди шабпушӣ ба пешвози
ҷавон баромад. Чашми Мақсад ба пеши бари
барҷаста ва соидҳои симини зан афтода,
худро гум кард, охир, аз зери куртаи ҳарир
қариб тамоми бадани зан менамуд.
Мебахшед, шумо аллакай хоб мекардед? -
пурсид ҷавон, вале аз саволи ноҷояш шарм
дошта суп-сурх шуд. Шоира ӯро аз хиҷолат
раҳонида, бо табассум дандонҳои сунъии шир
барин сафедашро нишон дода, не ҷӯраҷон, хоб
аз куҷо? Зан аз дасти Мақсад лаълии
пургӯштро гирифта, ӯро ба хона раҳнамоӣ
кард. Рӯйи мизро анвои хӯрданӣ, шакаладҳои
қимматбаҳо ва майи машҳури гурҷии
«Хванчкара» зеб медод. Имрӯз духтарам
омада буд, барои ҳамин ҳам, ташкилӣ зӯр, бо
табъи болида таъриф кард бону. Онҳо сари
мизи пур нозу неъмат нишаста, ком ширин
мекарданд. Мақсад ба тарҳи рӯйи тозаю тар
ва чашмони сурмарезу хумории шоира
нигариста, фикр мекард, ки ин нозанин дар
ҷавонӣ чӣ қадар зебо будааст. Таъсири май
буд ё ишваю нозҳои хонуми пир, ки забони
Мақсад кушода гашту шеър пайи шеър
мехонд, бону мисли гурги гурусна ба ин
луқмаяки тайёр менигаристу мехост ҳарчӣ
зудтар ӯро ба бистар кашад. Оқибат ишваҳои
ҷошикори шоираи ташнаи мард кора карданду
Мақсад ӯро ба оғӯш кашид. Он шабро ҷавони
сӣ сола дар бистари зани ҳафтодсола рӯз
карда, лаззати ногуфтание бардошт. Мақсад
ғайри Мансура зани дигарро надида, танҳо
шунида буд, ки баъзе занон дар бистар
амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки мард як умр
ғуломашон мешаванд. Акнун имрӯз аз
«ҳунарнамоӣ»-и шоираи пир як чизҳоеро
фаҳмид, ки боре насанҷида буд. Он рӯз то
бегоҳ хоб рафт, зеро шаб мижжа таҳ накарда
буд ва шом аз занги телефони бону бедор
шуд:
-Хирсаки хоболуд, хез, ки аз форамтарин
ҳавои шомгоҳӣ ва аз накҳати шаббодаи гулрез
бенасиб намонӣ,-шӯхӣ мекард шоира.
- Хирсакро имшаб он қадар асал додаанд, ки
масташ кардаасту илоҷи аз ҷой хестан
надорад,- ҷуръат карда посух дод Мақсад ва
дарҳол аз ҷой хеста ба поён давид. Сари
чашма рӯйи хараки пурнақшу нигори оҳанин,
шоира бо табъи болида ва хотири шод
менишаст. Аз нигоҳи ишваолуду чашмони
хумории шаҳватхоҳаш маълум буд, ки
ишқварзии имшаба бо ҷавони зебою пурқувват
маъқулаш афтодааст. Ӯ беҳарф аз ҷой
бархоста, сӯйи дарёча равон шуд ва Мақсад
низ чун соя аз қафояш рафтан гирифт. Дар
соҳили беодам дар шуои нуқрагини маҳтоб, ки
хеле зебо метофт, зан хомӯшу андешаманд ба
дарё нигарист. Чӣ манзараи зебо, пичирос зад
Мақсад ва аз пушт бонуро ба оғӯш кашид.
Зани пазмони навозиш бо як ҳаракати тез ба
сӯйи ҷавон гашту лабони ташнаашро ба
лабони ӯ гузошт.
Изҳори ишқ Онҳо то дергоҳ лаби рӯди равон
дар сӯҳбат буданд, шоира ба Мақсад гуфт:
Ман дар ҷавониям хеле зебо будам, шоирони
машҳури давр зери поям сар мегузоштанду
мехостанд дар ҳалқаи дарози гесувонам худро
овезанд, аммо ишқи ҷавонеро қабул намуда,
ба шавҳар баромадам, шавҳарам дунёро
бармаҳал падруд гуфту ду фарзандамро
танҳо ба воя расонидаам. Ҳарчанд маъшуқаи
марди бузурге будам, лекин аз оғӯши мард
серӣ баҳра набурдаам. Намедонам чаро ту ба
ман маъқул шудию боз маро ба азоби ишқ
гирифтор намудӣ? Агар розӣ бошӣ, маро аз
меҳру латофат сер месозию бистари сардамро
гармӣ мебахшӣ ва ман туро аз ҳама ҷиҳат
дастгирӣ мекунам. Мақсад дар ҷавоб боз
занро ба оғӯш кашид, бону ин дафъа
маъюсона гуфт, ки ман аз ту хеле калон
ҳастам, вале бо боварӣ гуфта метавонам дар
ишқварзӣ устоям! Рост мегӯӣ азизам, он
ҳаловатеро, ки ман дар оғӯши ту бардоштам,
ногуфтанист, пичирос зад ҷавон. Ҳамин тавр
шоираи пир бо ровии ҷавон шартномаи
шаҳвонӣ бастанд.
(Давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1