Баъд чашм расид.
- Ман ӯро мешиносам, – гуфтам ман.
- Киро?
- Зани ҳамсояатонро… вай аз деҳаи мо.
- Наход! – нидо кард Абдулаҳад-амак ва чанд лаҳза аз ман чашм наканда, илова намуд. – Падару модараш чӣ хел инсон, а! Наход одам то ба ин дараҷа фарзадбезор шавад.
- Онҳо, пас аз думи бадмасти шуморо гирифта омаданаш, Садбаргро оқ карданд.
- Ана гапу! О мо дар асри миёна зиндагӣ намекунем-ку! Хайр, духтари бечора беақлӣ кардааст. Ба қавли ҷавонҳои имрӯза ошиқ шудааст. Ба дили сабил фармон дода нашавад.
- Садбарг ҳам кори хуб накард, – гуфтам ман. – Вай дар фотиҳа буд, баъди се моҳ бояд тӯй барпо мешуд, аммо вай… Падараш то ҳол ба модари бечорааш рӯз нишон намедиҳад, ки духтаратро ба роҳат андохта натавонистӣ, ману акаҳояшро дар байни мардум шармандаву хандахариш карда рафт.
- Надонистам, – гуфт Абдулаҳад-амак. – Кӣ ҳақ, кӣ ноҳақ, танҳо Худо худаш медонад.
Субҳ барвақт бедор шудам. Ронанда дар хоби ширин буд. Чароғро гирон накарда, либосҳоямро пӯшидаму ба айвон баромадам. Шабона барфи баланд ғалтида, ҳама ҷоро сап-сафед карда буд. Ҳаво тоза. Аз ин ҳавои форами олуда ба бӯи барф сархуш гашта, чуқур-чуқур нафас гирифтам.
Абдулаҳад-амак дар як дасташ бандчаи ҳезум, дар дасти дигараш як сатил ангишт аз як гӯшаи ҳавлӣ меомад. Вай ба назди ман расида, чанд бор мӯзаи кирзагиашро тап-тап ба замин зада, барфҳояшро афшонд ва баъд ҷониби чанд хонаи паст-пасти қатор, ки бомҳояшон пур аз барф буданд, ишора карда гуфт, ки ҳоҷатхона дар ҳамон ҷост.
Вақте ки таҳорат шикаста омадам, Абдулаҳад-амак дар дасташ офтоба ва дар сари китфаш дастпок маро мунтазир меистод.
- Садбарг шуморо дидан мехоҳад, – гуфт вай, ба дастам об рехта. – Ҳамроҳатон хоб аст?
- Ҳа.
Дастонамро пок карда, даспокро ба Абдулаҳад-амак баргардондам. Ҳамин вақт дари ҳуҷраи шафат кушода шуда, Садбарг берун омад.
Баъд аз вохӯрдӣ кардан, худро дошта натавониста чашмонаш ғарқи об шуданд. Аз он Садбарги шукуфону хандони мо, ки қариб нисфи бачаҳои деҳаамон ошиқ буданд, танҳо ном монда буду халос: ба ҷавониаш нигоҳ накарда дар ҷабинаш бармаҳал ожанг пайдо шуда, чашмони як замон шаҳлояш оташи худро гум карда буданд. Гул барин андомаш лоғар ва пажмурда гашта, ранги рӯяш мисли заъфарон буд. Вақте нигоҳ мекард, чашми чапаш худ ба худ мепарид.
- Гиря накун, Садбарг, – гуфтам ман, ба зӯр ашки чашмонамро дошта. – Аҳволат чӣ хел?
- Аҳволамро шаб дидӣ-ку! – ашки чашмонашро бо остини ҷомаи рангпаридааш пок карда, гуфт вай.
Чанд лаҳза ҳарду хомӯш мондем.
- Дар ин тарафҳои мо чӣ кор мекунӣ, – пурсид Садбарг.
- Аз Хоруғ меоям… ҳамхизматам ба тӯй даъват карда буд. Дар роҳ мошинамон вайрон шуд.
- Ронанда ҳам аз ҷойи худамон?
- Не, як мошини роҳгузар, Душанбе меравад.
- Очам чӣ хел?
- Нағз, гаштаанд.
- Албатта, маро ҳеҷ кас ёд намекунад. Ҳеҷ кас намегӯяд, ки мурдааст, ё зиндааст…
- …..
- Ҳашт сол боз ягон кас напурсид, ки чӣ ҳол дорӣ? Чӣ кор кунам… Худкардаро даво нест, во вайлои пинҳонӣ, гуфтаанд. Шӯри пешонии ман хуш шавад.
Абдулаҳад-амак, ки ҳангоми вохӯрдӣ кардани мо «ман офтобаро аз об пур кунам» гӯён хона даромада буд, ҳамроҳи занаш берун омада:
- Ҳаво хунук, хона даромада сӯҳбат кунед, – гуфт.- Кампир говро ҷӯшад, ман ба пода ҳамроҳ карда меоям.
Онҳо, зану шавҳар, аз заминҳои сангин, ки шабона ях баста буд, боэҳтиёт қадам гузошта, поин шуданд.
- Ту, албатта, воқиаи шабонаро дида хурсанд шудӣ,-а? – гуфт Садбарг, вақте ки ба хона даромадем.
- Аз кадом воқиа? – нафаҳмидам ман.
- Худатро ба нодонӣ назан, Бахтиёр. Нағз фаҳмидӣ, ки ман рафтори шавҳарамро дар назар дорам.
- Ин хел нагӯй, Садбарг, – эътироз кардам ман. Дар байни зану шавҳар ҷанҷол мешавад… ба дил нагир, вай маст буд.
- Дигар тоқат карда наметавонам. Ҳар рӯзи Худо аҳвол ҳамин, – аз нав оби чашм кард Садбарг.
- Барои чӣмезанад?
- Дупула гапа баҳона карда… Медонад, ки мани рӯсиёҳ ягон пушту паноҳ надорам, хешу таборам аз ман рӯй гардондаанд, ҳатто ба хонаи падарам рафта наметавонам. Хайрият, ки ҳамин ҳамсоя ҳаст, вагарна мурдаам кайҳо дар таки ягон ҷар тӯъмаи зоғу калоғ мешуд. Зиндагӣ ба дилам задаст, аз ҷонам сер шудам.
- Биё, ҳамроҳ ба деҳа меравем.
- Ту нағз медонӣ, ки ҳама дарҳои деҳа ба рӯи ман баста. Бо ду думрав ман ба дари кӣ меравам? Агар хабар дошта бошӣ, шаш сол пеш рафта будам, лекин аз рафтанам сад бор пушаймон шудам. Кошкӣ намерафтам. Акаҳоям ба дари ҳавлӣ даромадан намонда, на танҳо ман, балки шавҳарамро низ зада, атолахӯр карданд. Шабона бо як азоб ҷонамонро халос карда, гурехтем. Баъд… дар зери таънаву маломати шавҳараму хешовандонаш мондам. Аслан, решаи дилхунукии шавҳарам аз таъсири ҳамон шаттаҳои хӯрдааш аст. Беинсофҳо шаш дандону биниашро зада шикастанд.
Қариб ду моҳ бо қошуқ ба ҳалқаш хӯрок меандохтам.
Боз ту мегӯӣ, ки ба деҳа равем. Не! Ман акнун то охири умр асири лонаи ишқи ғуррамарги худ мешавам. Сазои сарам!
- Аз аввал фикр кардан даркор буд, – гуфтам ман, вале зуд аз гуфтаам пушаймон шудам, зеро ин сухани беҷои ман метавонист ба ҷароҳати сӯзони дили Садбарг намак пошад.
- Чашми ошиқ кӯр мешудааст, – оҳ кашид Садбарг. – Намедонам чӣ тавр ба ӯ дил бохтам. Шояд ба ҳусни зебою суханҳои хушаш, ба забони ширину ба дипломаш мафтун шудам. Ӯро аз ту, колхозчии оддӣ, афзал донистам. Вақте ки он рӯзҳо хаёлан ҳардуятонро пеши назар меовардам, ӯ шоҳу ту гадоро мемондӣ. Намедонам ба ту чӣ хел фаҳмонам, Бахтиёр!
- Ин тавр бошад, чаро ба фотиҳа кардан розӣ шудӣ?
- Розигии маро кӣ пурсид? «Кадом духтар ҳа, ман розӣ мегӯд» гуфтанду нон шикастанд.
- Лекин ман то ҳол туро дӯст медорам.
- Кошкӣ ба ту мерасидам. Зан гирифтӣ?
- Ҳа.
- Духтари кист?
- Намешиносӣ… як хеши дурамон.
- Хоҳарамро ба шавҳар доданд?
- Ҳа. Домод аз ноҳияи ҳамсоя.
Мехостам ҳарчӣ зудтар риштаи сӯҳбатро ба дигар тараф битобам, зеро ба Садбарг дурӯғ мегуфтаму аз шарм вуҷудам месӯхт. Охир, наметавонистам ба хоҳари ӯ ҳамхона шуданамро иқрор шавам. Ҳарчанд, ки мо бо исрори падар ва акаҳои Садбарг издивоҷ кардем.Пас аз гурехтани Садбарг падараш рӯзе падари маро ба хонааш ҷеғ зада, гуфтааст, ки барои бастани даҳони бефаровези мардум беҳтараш тӯятонро барнамегардонем ва писаратон духтари хурдии моро ба иҷобаш дарорад. Ин таклиф ба падари ман низ маъқул меафтад.
- Чаро ба фикр фурӯ рафтӣ? – маро аз олами хаёлот берун кард Садбарг. – Гап зан, дар деҳа чӣ гап?
- Чӣ гап занам. Ҳамон деҳаи дидагиат, ҳамон одамон, ҳама аз паи ташвиши рӯзгор, аз паи бузу бузғола, хару хингала…
Ҳарду лаҳзае хомӯш мондем.
- Ба деҳа рафта чӣ гӯям? – пурсидам ман.
- Чӣ ҳам мегуфтӣ, – оҳ кашид Садбарг. – Ман дар онҷо ягон одами дилсӯз надошта бошам.
- Ин фикрат ғалат. Модарат, хоҳарат, хешу табор туро аз ёд набаровардаанд.
- Агар ёд мекарданд, дар муддати ҳашт сол як бор омада хабар мегирифтанд.
- Худат нағз медонӣ, ки онҳо аз ҷаҳли падару акаҳоят метарсанд.
- Ҳамааш баҳона. Агар дил сӯзад, ягон чиз садди роҳ шуда наметавонад.
Ҳамин вақт соҳибхоназан сар халонда, ба Садбарг гуфт:
- Духтарам, шавҳарат туро мепурсад.
Садбарг зуд аз ҷой хеста, «хайр» гуфт ва ҷониби дар рафт. Дасташ дар дастаи дар ба ақиб рӯй овард ва оҳиста «ба ҳама салом гӯй» гӯён берун шуд.
(Давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев