буду соатҳо пеши Парвардигораш
гиряву зорӣ мекард. Шабе
устодашро болои сараш дид, ки ӯ бо
тааҷҷуб ва ҳайрат ӯро тамошо
мекунад.
Пас аз чанд лаҳзае устодаш пурсид:
чаро ин ҳама иброзӣ нороҳатӣ ва
гиряву зорӣ дар туст?
Шогирд гуфт: то мавриди бахшиш
ва гузашти Худованд қарор гирам,
ва аз лутфи ӯ бархурдор шавам.
Устод гуфт: аз ту саволе дорам, ба
он посух бигӯ.
Шогирд гуфт: бифармое устодам.
Устод гуфт: Агар мурғеро гирифта
парвариш диҳӣ, ҳадафат аз
парвариши он чист?
Шогирд гуфт: ин ки маълум аст
устод, то аз тухм ва гушташ баҳра
бибарам.
Устод гуфт: агар он мурғ бароят
гиря ва зорӣ кунад, оё аз тасмимат
бармегардӣ?
Шогирд гуфт: росташ не…!
Наметавонам ҳадафи дигаре аз
парвариши он мурғ барои худ
тасаввур кунам.
Устод гуфт: ҳоло агар он мурғ
бароят тухми тилоӣ кунад чи? Оё боз
ҳам ӯро хоҳӣ кушт, то аз он
баҳраманд гардӣ?
Шогирд каме фикр карду гуфт: не,
ҳаргиз не устодам, албатта тухмҳои
тиллоӣ бароям муҳимтар ва
боарзиштаранд.
Устод гуфт: пас ту низ барои
Худованд чунин бош! Ҳамеша талош
кун то боарзиштар аз ҷисм, гушт,
пусту устухон гардӣ.
Саъй кун то он қадар барои инсонҳо,
ҳастӣ ва коиноти Худованд муфид
ва боарзиш шавӣ, то мақом ва
лаёқати таваҷҷуҳ, лутф ва раҳмати
ӯро ба даст оварӣ.
Худованд аз ту гиря ва зорӣ
намехоҳад! ӯ аз ту ҳаракат, рушд ва
боарзиш шуданро мехоҳад ва
мепазирад, на ибрози нороҳатӣ ва
гиряву зориро!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2