ВА АГАР АЗ ОН ЧИ БАР БАНДАИ ХУД ФУРУД ОВАРДЕМ,(ЯЪНЕ: АЗ ҚУРЪОН) ДАР ШУБҲА ҲАСТЕД ВА АГАР РОСТГӮ ҲАСТЕД, ПАС, ЯК СУРА МОНАНДИ ОН БИЁРЕД ВА БА ҶУЗ ХУДО МАДАДГОРОНИ ХУДРО БИХОНЕД.
Агар аз он чӣ (аз Қуръон) бар бандаи Худ фуруд овардем, шумо дар шубҳа ҳастед, пас, агар ростгӯ бошед, ба ғайри Аллоҳ мададгорони худро бихонед, як сура монанди он биоред. Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ай мардум, агар шумо ба саҳеҳу дуруст будани Қуръони азимушшаън, ки мо ба Пайғамбари худ (с) онро чун дастури зиндагии башарият фиристодем ва он аз рӯйи банду баст, тартибу назм ва тарзи баён оламиёнро оҷиз гардонидааст, шакку шубҳа доред, пас ҳама бо ҳам биёед ва ҳеҷ набошад, сураеро, ки ақаллан се оят бошад, бо чунин фасоҳату балоғате, ки Қуръон дорад, эҷод намоед! Агар шумо ростгӯ бошед барои анҷоми ин амал, тамоми пайравон ва он буту санамҳои худро ҳам барои ёрию мадад даъват намоед, оё мисли Қуръон китобе эҷод карда метавонед ё не?
( Ал-Бақара : оят 23 )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев