* Тарҷумаи нома:
Ҳон эй ҳокимони замин ки ба иқтидори хеш меболед ва ба артишҳо ва силоҳҳоятон мағруред ва мепиндоред ки то абад ҳукм хоҳед ронд! Битарсед аз Худованд ки ҳукумат шойистаи Ӯст ва иқтидораш ҷаҳонро бар по дошта ва артишҳо ва силоҳҳояш осмон ва заминро пур кардааст; Чароки агар бихоҳад шуморо дар замин фуру мебарад, чунон ки ҳазор ҳазор соли баъд фусилатон аз он берун оварда шавад, пас аз фусили хазандагон тамйиз дода нашавад!
Ҳароина Ӯ пеш аз шумо умматҳои бисёреро дар хок фуру карда ё ба зери об фуру бурда, балки тамаддунҳоро нобуд сохта ва қорраҳоеро нопадид намудааст! Куҷост тамаддуни Байналнаҳранйн ки хостгоҳи асотир аст ва куҷост подшоҳии шукуҳманди Эрон ва Рум? Куҷо ҳастанд бано кунандагони аҳроми Миср ва касоне ки сангҳои азимро чун хиштҳои кӯчак бар ҳам мениҳоданд?! Куҷост Отлонтис он қорраи гум шуда ки мепиндоранд замоне вуҷуд доштааст?! Куҷоянд ақвоми гум шуда ки касе ҷуз Ӯ аз сарнавишти онҳо огоҳ нест?! ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2416/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев