Предыдущая публикация
Ало садбарги лабхандон, муҳаббат чист,
медонӣ ?
Шукуфон бош садчандон, муҳаббат чист,
медонӣ ?
Ҳадисе орзу кардам ба номат, ин савол омад,
Ҳадиси орзумандон, муҳаббат чист, медонӣ ?
Дилам ангушти ҳайрат мегазад аз сӯҳбати
беҳарф
Таманнои лабу дандон, муҳаббат чист,
медонӣ ?
Муҳаббат нест гуфтӣ , синаам шаҳри муҳаббат
шуд,
Азизи шаҳри дилбандон, муҳаббат чист,
медонӣ ?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев