Предыдущая публикация
Ин диёри файзборро навбахораш дилкаш
аст,
Киру сою, кӯҳҳои ҳар канораш дилкаш аст.
Хониши мурғони кӯҳиву, шукуфтанҳои гул,
Оби чун оина софи чашмасораш дилкаш аст.
Қалъаи кофар, бирав, то бини асрори Худо,
Чашмахои дилфиребу, бекарораш дилкаш аст.
Кӯҳи Чилдухтар, гуё модар аст бар ин диёр,
Чашмахояш шири модар, лолазораш дилкаш аст.
Ёддорам кудакиву чукуриву кухи Учат,
Куххои пурсукути номдораш дилкаш аст.
Ин суханхо аз дили фарзанди ту омад бурун.
Мардуми бо нангу ору бо виќораш дилкаш аст.
Баҳрулло Холов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев