Предыдущая публикация
То хасм надонад,ки туро менигаристам.
Рӯзе бадар оям ман аз ин пардаи номус,
Ҳар ҷо,ки буте чун ту бубинам,бипарастам.
Алминнату лиллаҳ ки дилам сайди ғаме шуд,
Он аҳд,ки гуфтӣ накунам хеч фаромӯш,
Бишкастию ман ба сари паймон дар астам.
То завқи дарунам хабаре медиҳад аз дуст,
Аз таънаи душман,ба Худо,гар хабар астам.
Мехостамат пешкаше дархури хидмат,
Ҷон нек ҳақир аст,надонам,чи фиристам.
Чун нек бидидам,ки надори сари Саъдӣ,
Бар бахт бихандидаму бар худ бигиристам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев