Набояд тардид кард, ки он чи дар Сурия иттифоқ афтода, маҳсули як нақшаи муштараки амрикоӣ ва саҳюнистӣ аст. Бале, як давлати ҳамсояи Сурия нақши ошкореро дар ин замина ифо мекунад ва ифо карда, алъон ҳам ифо мекунад - инро ҳама мебинанд - вале омили аслии тавтеагар ва нақшакаши аслӣ ва маҳалли фармони аслӣ дар Амрико ва режими саҳюнистӣ аст. Қароине дорем ва ин қароин барои инсон ҷои тардид боқӣ намегузорад.
Албатта, ин муҳоҷимоне, ки гуфтам ҳар кадом як ғаразе доранд. Аҳдофашон бо ҳам мутафовит аст; баъзеҳо аз шимоли Сурия ё ҷануби Сурия дунболи тасарруфи сарзамин ҳастанд; Амрико ба дунболи ин аст, ки ҷои пои худашро дар минтақа маҳкам кунад; аҳдофашон инҳост ва замон нишон хоҳад дод, ки ин шоа Аллоҳ, ҳеҷ кадом ба ин ҳадафҳо нахоҳанд расид.
Манотиқи тасарруфшудаи Сурия ба василаи ҷавонони ғаюри сурӣ озод хоҳад шуд; шак накунед, ин иттифоқ хоҳад афтод. Ҷои пои Амрико ҳам қурс (ва маҳкам) нахоҳад шуд, ба тавфиқи илоҳӣ, ба ҳавлу қувваи илоҳӣ, Амрико ҳам ба василаи ҷабҳаи муқовимат аз минтақа ихроҷ хоҳад шуд.
Авомили истикбор баъд аз ин ҳаводиси Сурия хушҳоланд, ба хаёли ин ки бо суқути давлати Сурия, ки тарафдори муқовимат буд, ҷабҳаи муқовимат дигар заиф шудааст. Инҳо сахт дар иштибоҳанд; он касоне, ки хаёл мекунанд бо ин чизҳо ҷабҳаи муқовимат заиф шудааст, дарки дурусте аз муқовимат ва ҷабҳаи муқовимат надоранд. Намедонанд ҷабҳаи муқовимат аслан яъне чӣ. Ҷабҳаи муқовимат як сахтафзор нест, ки бишиканад ё аз ҳам фуру бирезад ё нобуд бишавад.
Муқовимат як имон аст, як тафаккур аст, як тасмими қалбӣ ва қатъӣ аст, муқовимат як мактаб аст, як мактаби эътиқодӣ аст. Чизе, ки имони як иддаи мардум аст бо фишор овардан на фақат заиф намешавад, балки қавитар мешавад. Ангезаи афроди ҷабҳаи муқовимат ва аносири ҷабҳаи муқовимат бо дидани хабосатҳо қавитар мешавад ва доманаи ҷабҳаи муқовимат густардатар мешавад.
Бахшҳое аз суханронии имом Хоманаӣ дар дидори ҳазоро нафар аз зану мард дар Теҳрон ба муносибати таҳаввулоти ахири минтақа ба хусус ҳаводиси Сурия - 21/09/1403 ҳ.ш. - 11/12/2024
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев