Предыдущая публикация
🥀Тамоми умр зи доғат гиристам, Заҳро
🥀Худо гувоҳ, ки бо гиря зистам, Заҳро
Ба инзивои ғарибонаи Алӣ шабу рӯз
🥀Чу шамъи сухтаҷоне гиристам, Заҳро
Ризои ту ба ҳақиқат ризои ҳақ бошад
🥀Вагарна бе ту чӣ фарқе, ки кистам? Заҳро!
Зи по фиканда маро бори маъсият имрӯз
🥀Чӣ гуна пеши ту фардо биистам, Заҳро?!
Қабул мекунӣ, акнун бихонамат, модар
🥀Агарчи он чи, ки хоҳӣ ту нестам, Заҳро
Бигир дасти «Вафоӣ»-и хастаро дар ҳашр
🥀Ки бар Ҳусейни ту умре гиристам, Заҳро
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев